Дар Хатлон беш аз 2 тонна дорувории муҳлаташ гузаштаро сӯзониданд

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон 2,1 тона доруворӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодааш гузашта ва бе сертификати мутобиқатро нобуд кард. Аз маркази матбуоти сарраёсати мазкур ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин миқдор мавод дар партовгоҳи марказии шаҳри Бохтар сӯзонида шуд. Дар маҷмӯъ, аз аввали соли […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон 2,1 тона доруворӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодааш гузашта ва бе сертификати мутобиқатро нобуд кард.

Аз маркази матбуоти сарраёсати мазкур ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин миқдор мавод дар партовгоҳи марказии шаҳри Бохтар сӯзонида шуд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали соли равон 971 номгӯйи чунин доруворӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдакона дар ҳаҷми 9 тоннаю 386 кг ба маблағи қариб 530 ҳазор сомонӣ маҳв карда шудааст.

“Аз ҷамъи маводи сӯзонидашуда 622 номгӯй тариқи аризаҳои муроҷиатии муассисаҳои фармасевтӣ ва табобатию профилактикӣ барои безарар кардан ба сарраёсат супорида шудаанд. Ҳамчунин 260 номгӯй зимни санҷишҳои мутахассисони саррраёсат аз муомилот гирифта шуданд”, – афзуд манбаъ.

Зимнан тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ мутахассисони 155 парвандаи ҳуқуқвайрокунӣ дар нисбати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба камбудиҳо роҳ додаанд, оғоз гардида, онҳо ба маблағи 267 ҳазору 740 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.