Шаҳрдори Душанбе дар Самарқанд оромгоҳи Ислом Каримовро зиёрат кард

Дар доираи сафари расмӣ ба Ӯзбекистон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, аз маҷмааи Ҳазрати Хизр боздид кард. Бино ба маълумоти ВАО-и Ӯзбекистон, дар ин ҷо ӯ назди оромгоҳи аввалин раисҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов дастагул гузошта, дуою фотиҳа хонд. Шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон инчунин аз маҷмааи меъморӣ – мақбараи Имом Бухорӣ боздид кард. Тавре дафтари […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи сафари расмӣ ба Ӯзбекистон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, аз маҷмааи Ҳазрати Хизр боздид кард.

Бино ба маълумоти ВАО-и Ӯзбекистон, дар ин ҷо ӯ назди оромгоҳи аввалин раисҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов дастагул гузошта, дуою фотиҳа хонд.

Шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон инчунин аз маҷмааи меъморӣ – мақбараи Имом Бухорӣ боздид кард.

Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Тошканд хабар медиҳад, то сафар ба Самарқанд шаҳрдори Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи “Миллий”-и Тошканд, ки тими “Бунёдкор” ва мунтахаби футболи Ӯзбекистон бозиҳояшонро дар он мегузаронанд, боздид кард.

Рустами Эмомалӣ бо шароити варзишгоҳ барои футболбозону тамошобинон, ҳамчунин зимни боздид аз осорхонаи варзишгоҳи “Миллий” бо аксҳои Нуриддин Амриев – футболбози собиқадори тоҷики дастаи “Пахтакор” шинос шуд.

Дар варзишгоҳ вохӯрии кории Рустами Эмомалӣ бо ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, собиқ довари маъруфи ӯзбек Равшан Ирматов баргузор шуд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки аз моҳи апрели соли 2019 ҳамзамон роҳбарии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро ба зимма дорад, ба рушди минбаъдаи футбол дар минтақа ва ташкили вохӯриҳо байни дастаҳои минтақа изҳори умедворӣ кард.

Ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Равшан Ирматов, ки бозиҳои се чемпионати охири ҷаҳонро ҳакамӣ кардааст, ба Рустами Эмомалӣ либос (футболка)-и рақами 7-и футболбози мунтахаби Ӯзбекистонро туҳфа кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.