Ҷаримаи сокини пойтахт барои қочоқи телефонҳои мобилӣ аз Дубай

Сокини 29-солаи шаҳри Душанбе Дилмурод Асадов, ки ба ҳайси фурӯшандаи телефонҳои мобилӣ дар Фурӯшгоҳи марказӣ кор мекунад, бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ ҷарима шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд, ӯ барои ғайриқонунӣ интиқол додани 26 адад телефонҳои мобилии навъҳои гуногун аз Дубай 21 ҳазор сомонӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини 29-солаи шаҳри Душанбе Дилмурод Асадов, ки ба ҳайси фурӯшандаи телефонҳои мобилӣ дар Фурӯшгоҳи марказӣ кор мекунад, бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ ҷарима шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд, ӯ барои ғайриқонунӣ интиқол додани 26 адад телефонҳои мобилии навъҳои гуногун аз Дубай 21 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Тавре дар суд қайд карданд, ҳамаи телефонҳои бо роҳи қочоқ ба Тоҷикистон воридшуда ба нафъи давлат мусодира шуданд.

Дилмурод Асадов моҳи октябри соли 2019 телефонҳоро бе анҷом додани расмиёти гумрукӣ ва пардохти боҷҳои дахлдор аз Дубай ба Душанбе овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.