Муҳлати ҳабси муҳоҷирони тоҷики гумонбар ба куштори варзишгари рус дароз шуд

Муҳлати ҳабси муҳоҷирони тоҷики гумонбар ба қатли варзишгари рус Сергей Чуев дар Маскав ду моҳ дароз шуд. Рӯзи 3-юми декабр суди Черемушинои шаҳри Маскав дар бораи тамдиди 2-моҳаи муҳлати ҳабси муҳоҷирони тоҷик, яъне то 8-уми феврали соли 2020 қарор қабул кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз адвокатҳои муҳоҷирон Игор Кайдан хабар дод. Адвокат гуфт: “Бо вуҷуди хулосаи […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Муҳлати ҳабси муҳоҷирони тоҷики гумонбар ба қатли варзишгари рус Сергей Чуев дар Маскав ду моҳ дароз шуд.

Рӯзи 3-юми декабр суди Черемушинои шаҳри Маскав дар бораи тамдиди 2-моҳаи муҳлати ҳабси муҳоҷирони тоҷик, яъне то 8-уми феврали соли 2020 қарор қабул кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз адвокатҳои муҳоҷирон Игор Кайдан хабар дод.

Адвокат гуфт: “Бо вуҷуди хулосаи ташхиси судиву тиббӣ, ки дар он на аз лату кӯб, балки дар об нафасгир шудаву фавтидани Сергей Чуев зикр шудааст, Кумитаи тафтишот ба тағйири моддаи айбдорӣ шитоб надорад”.

“Мо чандин маротиба аз кашолкории тафтишот, ки дар сурати муайян шудани сабаби марг бояд ба амали ҳар кадоме аз айбдоршавандагон баҳои ниҳоӣ диҳад, шикоят кардем. Онҳо маҷбуранд, ки моддаи айбдориро тағйир диҳанд. Кашолкорӣ нишонаи ғайриқаноатбахш бурдани тафтиш аз ҷониби муфаттиш ва роҳбарияти кумитаи тафтишот аст”, – афзуд Кайдан.

Ёдрас мекунем, ки шаби 8-уми июн дар боғи кӯчаи Южнобутовои Маскав устоди варзиши гуштии юнониву румӣ Сергей Чуев ҳалок шуд.

Ба гумони даст доштан дар куштори ӯ 6 нафар муҳоҷирони тоҷик: Фаридун Сафаров, Рустам Аминов, Фирӯз Сафаров, Неъматҷон Бобоев, Мирзошавкат Туфалангов ва Меъроҷиддин Аловиддинзода боздошт шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъабой Сафаров, падари гумонбаршуда Фаридун Сафаров ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар Маскав бо пайвандону наздикон ва адвокати муҳоҷирони боздоштшуда вохӯрдааст.

“Намояндаи консулгарӣ – Манучеҳр бо мо вохӯрд. Ӯ қайд кард, ки мо аз беамалии консулгарӣ ба ВАО шикоят кардем. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодисаро онҳо пайгирӣ доранд, аммо ҷузъиёти рафти тафтишотро гуфта наметавонанд”, – гуфт Сафаров ва афзуд, ки корманди консулгарӣ ба кумак мувофиқи имкону зимни зарурат изҳори омодагӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.