Дар шаҳри Брести Беларус, ки соли 2019 пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шуд, маросими тақдими Ҷоизаи байнулмилалии “Содружество дебютов” (Иттиҳоди нахустнамоишҳо) доир гардид.
Тавре хадамоти матбуоти Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ хабар медиҳад, сарояндаи ҷавон ва писандида аз Тоҷикистон Меҳрнигори Рустам низ ба дарёфти ин ҷоиза шарафёб гардид.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Ба дарёфти ҷоиза имсол 26 нафар довталабон аз ҳашт кишвар пешбарӣ шуданд. Рӯзи 10-уми декабр ҳайати ҳакамони байнулмилалӣ номи 8 гирандаи ҷоизаро эълон кард. Дар баробари Меҳрнигори Рустам шахсони зерин соҳиби ҷоиза шуданд:
– овозхони опера аз Озарбойҷон Офоқ Аббосова-Будагова;
– скрипканавоз аз Арманистон Диана Адамян;
– раққосаи балет аз Қазоқистон Айгерим Бекетаева;
– овозхони Театри миллии академии опера ва балети Қирғизистон Нурйигит Асанов;
– овозхони Филармонияи миллии Молдова Александра Конунова-Дюморте;
– ҳунарманди Театри давлатии академии опера ва балети Новосибирск Олга Гришенкова;
– устои таълими истеҳсолии графикаи Академияи давлатии санъати Беларус Федор Шурмелев.
Ҷоизаи “Содружество дебютов” соли 2008 аз ҷониби Шӯрои ҳамкории гуманитарии ИДМ ва Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ таъсис дода шуд.
Дар консерти Брест сарояндаҳо ва ҳунармандони маъруфи кишварҳои ИДМ, аз ҷумла, овозхони тоҷик Зафар Абдуалимов ширкат варзиданд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Дар консерт дар Брест сарояндаҳо ва ҳунармандони маъруфи кишварҳои ИДМ, аз ҷумла овозхони тоҷик Зафар Абдуалимов ширкат варзиданд.
Ҷоизаи “Содружество дебютов” ҳамасола ба мутахассисони ҷавони синни то 35-сола дар он соҳаи гуманитарӣ супурда мешавад, ки онро муассисон муайян мекунанд. Айни замон ҷоиза аз рӯйи натиҷаҳои соли 2018, ки дар ИДМ Соли фарҳанг эълон гардида буд, тақдим карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


