Меҳрнигори Рустам барандаи ҷоизаи “Содружество дебютов”

Дар шаҳри Брести Беларус, ки соли 2019 пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шуд, маросими тақдими Ҷоизаи байнулмилалии “Содружество дебютов” (Иттиҳоди нахустнамоишҳо) доир гардид. Тавре хадамоти матбуоти Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ хабар медиҳад, сарояндаи ҷавон ва писандида аз Тоҷикистон Меҳрнигори Рустам низ ба дарёфти ин ҷоиза шарафёб гардид. Ба дарёфти ҷоиза имсол 26 нафар довталабон […]

Дар шаҳри Брести Беларус, ки соли 2019 пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шуд, маросими тақдими Ҷоизаи байнулмилалии “Содружество дебютов” (Иттиҳоди нахустнамоишҳо) доир гардид.

Тавре хадамоти матбуоти Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ хабар медиҳад, сарояндаи ҷавон ва писандида аз Тоҷикистон Меҳрнигори Рустам низ ба дарёфти ин ҷоиза шарафёб гардид.

Ба дарёфти ҷоиза имсол 26 нафар довталабон аз ҳашт кишвар пешбарӣ шуданд. Рӯзи 10-уми декабр ҳайати ҳакамони байнулмилалӣ номи 8 гирандаи ҷоизаро эълон кард. Дар баробари Меҳрнигори Рустам шахсони зерин соҳиби ҷоиза шуданд:

– овозхони опера аз Озарбойҷон Офоқ Аббосова-Будагова;

– скрипканавоз аз Арманистон Диана Адамян;

– раққосаи балет аз Қазоқистон Айгерим Бекетаева;

– овозхони Театри миллии академии опера ва балети Қирғизистон Нурйигит Асанов;

– овозхони Филармонияи миллии Молдова Александра Конунова-Дюморте;

– ҳунарманди Театри давлатии академии опера ва балети Новосибирск Олга Гришенкова;

– устои таълими истеҳсолии графикаи Академияи давлатии санъати Беларус Федор Шурмелев.

Ҷоизаи “Содружество дебютов” соли 2008 аз ҷониби Шӯрои ҳамкории гуманитарии ИДМ ва Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ таъсис дода шуд.

Дар консерти Брест сарояндаҳо ва ҳунармандони маъруфи кишварҳои ИДМ, аз ҷумла, овозхони тоҷик Зафар Абдуалимов ширкат варзиданд.

Ҷоизаи “Содружество дебютов” ҳамасола ба мутахассисони ҷавони синни то 35-сола дар он соҳаи гуманитарӣ супурда мешавад, ки онро муассисон муайян мекунанд. Айни замон ҷоиза аз рӯйи натиҷаҳои соли 2018, ки дар ИДМ Соли фарҳанг эълон гардида буд, тақдим карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.