Сафарҳои сайёҳӣ аз Русия ба Тоҷикистон 13% афзудааст

Портали саёҳии ТурСтат раддабандии кишварҳоро аз лиҳози писандида будан барои сайёҳони русиягӣ дар соли 2019 нашр кард. Шумори сафарҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон аз Русия давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 13% – то 92 ҳазор нафар афзудааст. Тавре дар маълумот зикр мешавад, Тоҷикистон дар феҳристи сафарҳои сайёҳӣ аз Русия зинаи 42-юмро ишғол мекунад. Пешсафони сафарҳои сайёҳӣ аз […]

Asia-Plus

Портали саёҳии ТурСтат раддабандии кишварҳоро аз лиҳози писандида будан барои сайёҳони русиягӣ дар соли 2019 нашр кард.

Шумори сафарҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон аз Русия давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 13% – то 92 ҳазор нафар афзудааст.

Тавре дар маълумот зикр мешавад, Тоҷикистон дар феҳристи сафарҳои сайёҳӣ аз Русия зинаи 42-юмро ишғол мекунад.

Пешсафони сафарҳои сайёҳӣ аз Русия ба хориҷа имсол Туркия, Финландия ва Қазоқистон мебошанд.

Бо натиҷагирӣ аз 9 моҳи соли 2019 ба даҳгонаи аввали кишварҳои барои сайёҳӣ писандидаи русиягиҳо ин давлатҳо зикр шудаанд: Туркия (5 млн. 675 ҳазор нафар),  Абхазия (3 млн. 855 ҳазор), Финландия (2 млн. 695 ҳазор), Қазоқистон (2 млн. 471 ҳазор), Украина (1 млн. 857 ҳазор), Чин (1 млн. 712 ҳазор), Эстония (1 млн. 348 ҳазор), Италия (1 млн. 12 ҳазор), Гурҷистон (990 ҳазор) ва Олмон (977 ҳазор).

Гуфта мешавад, соли 2019 шумори умумии сафарҳои сайёҳӣ аз Русия ба хориҷи кишвар 7% – то 35 млн. нафар афзудааст.

Рейтинг аз рӯйи натиҷаҳои таҳлили маълумоти омории сафарҳои сайёҳӣ аз Русия тӯли нуҳ моҳи аввали сол тартиб дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.