Ӯзбекистон бақайдгирии сайёҳони тоҷикистониро бекор карданист

Тоҷикистониён аз аввали тобистон шояд имкон пайдо кунанд, ки бе қайди дахлдор ба муҳлати то 30 рӯз дар қаламрави Ӯзбекистон ҳузур дошта бошанд. Мувофиқи қонунгузории Ӯзбекистон, айни замон хориҷиёни ба қаламрави кишвар воридшуда бояд дар муддати се шабонарӯз (ба истиснои рӯзҳои ид ва истироҳат) худро ба қайди муваққатӣ гузоранд. Бино ба маълумоти ВАО, Кумитаи давлатии […]

Тоҷикистониён аз аввали тобистон шояд имкон пайдо кунанд, ки бе қайди дахлдор ба муҳлати то 30 рӯз дар қаламрави Ӯзбекистон ҳузур дошта бошанд.

Мувофиқи қонунгузории Ӯзбекистон, айни замон хориҷиёни ба қаламрави кишвар воридшуда бояд дар муддати се шабонарӯз (ба истиснои рӯзҳои ид ва истироҳат) худро ба қайди муваққатӣ гузоранд.

Бино ба маълумоти ВАО, Кумитаи давлатии сайёҳии Ӯзбекистон аз 1-уми июли соли 2020 бекор кардани бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии муваққатан ба қаламрави кишвар воридшударо пешниҳод кардааст.

Лоиҳаи фармон рӯзи сешанбе, 10-уми декабр дар портали низоми арзёбии таъсири санадҳои қонунгузорӣ нашр шуд. Дар назар аст, ки пас аз баррасӣ дар ҷомеа (то охири моҳи декабр), он барои имзо ба раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев пешниҳод мешавад.

“Аз 1-уми июли соли 2020 тартиби бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Ӯзбекистон ба муҳлати реҷаи раводидӣ (бе раводид) бекор карда шавад, вале на зиёдтар аз 30 рӯзи тақвимӣ”, – омадааст дар матни санад.

Дар лоиҳа ба ҶС Uzbekistan Airports (ба ҳайати он ҳамаи фурудгоҳҳои Ӯзбекистон шомиланд) тавсия дода шудааст, ки дар заминаи шарикии давлату бахши хусусӣ то 1-уми июли соли 2020 дар ҳамаи фурудгоҳҳои байнулмилалии кишвар фурӯшгоҳҳои бебоҷи Duty Free боз кунад.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Ӯзбекистон аз 1-уми июни соли 2018 ҷаримаҳои пешбинишударо ба шаҳрвандони хориҷӣ барои мавҷуд набудани қайд бекор кард. Дар ин масъала акнун ширкатҳои сайёҳии қабулкунанда, маъмурияти меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои муолиҷавӣ, ҳамчунин соҳибони манзилҳо масъуланд.

Сайёҳоне, ки мустақилона ба сафар баромадаанду дар хаймаҳо ё воситаҳои нақлиёти барои шабгузаронӣ дурустшуда зиндагӣ мекунанд, бояд худро ба қайди муваққатӣ гузошта, боҷи сайёҳӣ пардозанд. Дар сурати иҷро нашудани ин талабот, онҳо дар ҳаҷми даҳ баробари маблағи пардохтнашудаи ин боҷ (ҳудуди 50 доллар) ҷарима мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.