Эҳтимоли таҳрими интихоботи парлумонӣ аз ҷониби ҲСДТ барои гаравпулӣ

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) то анҷумани навбатии худ – рӯзи 5-уми январи соли оянда аз эҳтимол дур намедонад, ки ба интихоботи парлумонӣ таҳрим эълон кунад. Дар ҷаласаи раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ рӯзи 10-уми декабр масъалаи иштироки ҳизб дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба таври ниҳоӣ ҳал нашуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” муовини аввали раиси ҳизб Шокирҷон Ҳакимов […]

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) то анҷумани навбатии худ  рӯзи 5-уми январи соли оянда аз эҳтимол дур намедонад, ки ба интихоботи парлумонӣ таҳрим эълон кунад.

Дар ҷаласаи раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ рӯзи 10-уми декабр масъалаи иштироки ҳизб дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба таври ниҳоӣ ҳал нашуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” муовини аввали раиси ҳизб Шокирҷон Ҳакимов хабар дод.

“Аъзои раёсати Шӯрои сиёсии ҳизб тасмим гирифтанд, ки ин масъала ба баррасии вакилони анҷумани навбатии ҲСДТ рӯзи 5-уми январ пешниҳод шавад”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Ҳакимов, раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ раиси ҳизбро уҳдадор кард, ки то баргузории анҷумани навбатӣ бори дигар ба президент ва парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди бекор кардани маблағи гарави интихобот барои аҳзоб ва номзадҳо ба вакилӣ муроҷиат кунад.

Дар муроҷиатномаи қаблан нашршудаи раиси ҲСДТ қайд шуда буд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон маблағи гаравпулии интихоботро 5 ҳазору 800 сомонӣ (ҳудуди 600 доллар) муқаррар кардааст.

“Барои ҳар як номзад ба вакилии ҳизби сиёсӣ дар ҳавзаи ҷумҳуриявӣ гузоштани гарави интихоботӣ ба маблағи 5800 сомонӣ, барои 10 нафар аз ҳизб 58000, барои 22 нафар – 127600 сомонӣ муқаррар шудааст, ки ин ғоратгарӣ дар рӯзи равшан аст”, – зикр шудааст дар муроҷиатнома.

Маблағи гарави интихоботӣ пулест, ки аз ҷониби номзад зимни пешбарии ӯ ба мансаби интихобӣ ба суратҳисоби махсуси комиссияи интихобот гузаронида мешавад. Агар номзад ҳадди ақалли овозҳои интихобкунандагонро ба даст наорад, он баргардонида намешавад.

Қаблан ҳар кадом аз ҳизбҳое, ки дар интихобот иштирок мекарданд, барои ҳар як номзади худ ба Комиссияи марказии интихобот ба сифати гаравпулӣ 11 ҳазору 600 сомонӣ мепардохтанд. Соли 2014 нисфи ин маблағ кам шуд.

Раҳматилло Зойиров дар муроҷиатномаи худ изҳор доштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ба Маскав пайравӣ кунад. Дар Русия ҳамзамон бо ниҳоди ҷамъоварии имзои интихобкунандагон ба дастгирии номзадҳо, маблағи гарави интихоботӣ то соли 2009 вуҷуд дошт, аммо баъдан бекор шуд.

Зойиров афзуд, ки дар давоми 10 соли охир ҲСДТ масъалаи бекор кардани ҳама гуна гарави интихоботиро беш аз 15 маротиба бардоштааст, лекин аз ҷониби ҳукумат ҳеҷ вокунише сурат нагирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.