Дастгирии ҳукумати Ҷопон аз 5 лоиҳа дар Тоҷикистон

Дар қароргоҳи сафири Ҷопон дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр маросими имзои созишномаҳои муштараки панҷ лоиҳаи нав баргузор шуд. Созишномаҳои мазкур аз ҷониби сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Миясита ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо ба тасвиб расиданд. Маблағи умумии грантҳо 435,940 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ […]

Иттилоияи расмӣ

Дар қароргоҳи сафири Ҷопон дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр маросими имзои созишномаҳои муштараки панҷ лоиҳаи нав баргузор шуд.

Созишномаҳои мазкур аз ҷониби сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Миясита ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо ба тасвиб расиданд. Маблағи умумии грантҳо 435,940 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) панҷ лоиҳаи зайл маблағгузорӣ мешаванд:

“Лоиҳаи сохтмони маркази бонувон дар ноҳияи Балҷувон” ба маблағи 89,150 доллар;

“Лоиҳаи барқарорсозии системаи хати гармдиҳии беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Конибодом” ба маблағи 90,900 доллар;

“Лоиҳаи дастрас кардани таҷҳизоти тиббии рентгени рақамӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Ашт” ба маблағи 90,000 доллар;

“Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳаи Сурхобчаи ҷамоати Исмоили Сомонӣ  ноҳияи Деваштич” ба маблағи 90,210 доллар.

“Лоиҳаи дастрас кардани таҷҳизоти тиббӣ барои бемориҳои чашми дармонгоҳи миллии “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе” ба маблағи 75,680 доллар.

Зимни суханронӣ дар ин маросим Миясита қайд кард, ки лоиҳаҳои Барномаи ҳукумати Ҷопон дар самтхои мухталиф дар саросари кишвар амалӣ шуда, махсус барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд ва дар рушди устувори Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд.

Мақомоти пазирандаи грантҳо низ бо истифода аз фурсати муносиб бартарии чунин лоиҳаҳоро тавзеҳ дода, ба ҳукумат ва мардуми Ҷопон изҳори сипос карданд ва ваъда доданд, ки ба ҳамаи ҳадафҳои тасдиқшудаи лоиҳаҳо мерасанд.

Кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ “GGP” тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирии соҳаҳои мухталиф дар саросари Тоҷикистон равона шудаанд. Ин кумакҳои бебозгашт ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешаванд.

Аз соли 1996 то инҷониб кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 406 лоиҳаро ба маблағи умумии $32.9 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.