Замони баргузории анҷуманҳои пеш аз интихоботии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон муайян шуд

Дар кори анҷуманҳои пеш аз интихоботии аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ, ки охири ҳамин ҳафта оғоз ва то даҳаи аввали моҳи январ идома меёбанд, аз 2 ҳазор то 60 нафар вакилон иштирок мекунанд. Ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон то имрӯз замони баргузории анҷуманҳои пеш аз интихоботии худро муайян карданд. Нахуст рӯзи 13-уми декабр анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар кори анҷуманҳои пеш аз интихоботии аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ, ки охири ҳамин ҳафта оғоз ва то даҳаи аввали моҳи январ идома меёбанд, аз 2 ҳазор то 60 нафар вакилон иштирок мекунанд.

Ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон то имрӯз замони баргузории анҷуманҳои пеш аз интихоботии худро муайян карданд.

Нахуст рӯзи 13-уми декабр анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он 2 ҳазор нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ширкат меварзанд. Дар кори анҷуман пешвои ҳизб, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад.

Ҳизби сотсиалистӣ, демократӣ ва ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон анҷуманҳои худро дар як рӯз – 15-уми декабр баргузор мекунанд.

Комунистон анҷуманро рӯзи 28-уми декабр ва Ҳизби сотсиал-демокраӣ санаи 5-уми январ мегузаронанд.

Дар кори ин анҷуманҳо аз 60 то 100 нафар вакилон иштирок мекунанд.

Дар анҷуманҳои пеш аз интихоботии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз рӯйи  ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявии интихоботӣ эълон карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.