Қувваозмоии 4 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи ситораҳои дзюдои ҷаҳон

Чаҳор вазишгари номии тоҷик ба охирин чорабинии силсилаи мусобиқаҳои Федератсияи байнулмилалии дзюдо даъват шуданд. Қувваозмоиҳо рӯзҳои 12-14 декабр дар шаҳри Қингдаои Чин баргузор мешавад. Тибқи иттилоии маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бори аввал дар таърихи кишвар аст, ки 4 варзишгари тоҷик ба ин мусобиқа даъват шудаанд. Дар ҷараёни он Сомон Муҳаммадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода (вазни […]

Чаҳор вазишгари номии тоҷик ба охирин чорабинии силсилаи мусобиқаҳои Федератсияи байнулмилалии дзюдо даъват шуданд. Қувваозмоиҳо рӯзҳои 12-14 декабр дар шаҳри Қингдаои Чин баргузор мешавад.

Тибқи иттилоии маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бори аввал дар таърихи кишвар аст, ки 4 варзишгари тоҷик ба ин мусобиқа даъват шудаанд. Дар ҷараёни он Сомон Муҳаммадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода (вазни -73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) бо рақибони худ гуштин мегиранд.

Сомон феълан дар ҷойи 17-уми вазни то 73 килограми радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ дорад. Беҳрӯз дар зинаи 20-уми ҳамин вазн қарор гирифтааст. Комроншоҳ ҷойи 18-уми вазни то 90 килограм ва Темур мавқеи 27-уми вазни зиёда аз 100 килограмро ишғол кардаанд.

Тибқи низомнома, дар мусобиқа 32 варзишгари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ аз рӯйи радабандии ҷаҳонии IJF дар асоси даъватнома иштирок мекунанд. 

Дар мусобиқаи ситораҳои дзюдои ҷаҳон, тибқи иттилои сомонаи расмии IJF, 448 варзишгар (230 мард, 218 зан) аз 67 кишвар ширкат меварзанд. Қувваозмоиҳо аз рӯйи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сурат мепазиранд.

Варзишгароне, ки соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мешаванд, дар баробари медал ҷоизапулӣ низ мегиранд. Барои ҷойи аввал 9000 доллари ИМА, барои мақоми дуюм 6000 доллар ва барои ду ҷойи сеюм 3000-долларӣ пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.