“Академияи МегаФон” эҷодиёти рассомони ҷавони Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” сокинони пойтахтро ба намоишгоҳи рассомони наврасу ҷавон, ки санаи 15 декабр бахшида ба солгарди студияи “Art Doshan Studio” баргузор мешавад, таклиф менамояд. Даромадан ба намоишгоҳ ройгон аст.  Зиёда аз 200 корҳои иштирокчиёни арт-лоиҳаҳо, ки аз ҷониби студия дар гӯшаҳои зеботарини Душанбе ва Хуҷанд ташкил гардида буданд, дар “Академияи МегаФон”  – фазои ғайриоддии […]

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” сокинони пойтахтро ба намоишгоҳи рассомони наврасу ҷавон, ки санаи 15 декабр бахшида ба солгарди студияи “Art Doshan Studio” баргузор мешавад, таклиф менамояд. Даромадан ба намоишгоҳ ройгон аст. 

Зиёда аз 200 корҳои иштирокчиёни арт-лоиҳаҳо, ки аз ҷониби студия дар гӯшаҳои зеботарини Душанбе ва Хуҷанд ташкил гардида буданд, дар “Академияи МегаФон”  – фазои ғайриоддии таълимӣ, корӣ ва фарҳангӣ, ки тирамоҳи соли равон ифтитоҳ ёфта буд, ҷойгир карда мешаванд. Дар “Академия” омӯзиши мутахассисони МегаФон, вохӯрӣ бо мизоҷон, инчунин чорабиниҳои ширкатҳою корхонаҳои дигари ҷумҳурии мо, ки дар мувофиқа бо оператор гузаронида мешаванд, баргузор мегарданд.

Студияи “Art Doshan Studio” “Академияи МегаФон”-ро чун як фазои ҷаззоб ва креативии пурра ҷавобгӯ ба идеяи намоишгоҳи идона арзёбӣ менамояд. “Корҳои муаллифони мо – фарогири рангҳои пуртароват, эҳсосоти барҷаста ва рӯҳи ҷавонӣ мебошанд! Ҳамаи ин ҷиҳатҳои фарқкунандаи майдони МегаФон ба шумор мераванд: ин ҷой хеле гуворост, худи муҳит майли эҷодкорӣ, фаъолнокӣ ва табодули ақидаҳоро бедор менамояд. Барои намоишгоҳи мо пайдо кардани ҷойи беҳтар аз ин мушкил аст!” – мегӯяд роҳбари студия Насиба Каримова.

“Бо ташкили “Академияи МегаФон” мо фикр мекардем, ки он ба макони муоширати доимӣ бо сокинони ҷумҳурӣ табдил меёбад.  Ҳар як чунин вохӯрӣ дар эҳсоси набзи ҳаёт дар Тоҷикистон, фаҳмида гирифтани масъалаҳои ҷолиби диққати мизоҷони амалкунанда ва эҳтимолӣ ва пайдо намудани манфиатҳои умумӣ бо онҳо кӯмак менамояд. Бо оилаҳои худ биёед ва аз дидани чунин расмҳои чашмбару дурахшон ҳаловат баред!” – мегӯяд Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.

Намоишгоҳ дар “Академияи МегаФон” воқеъ дар суроғаи Бухоро, 34 аз соати 10:00 то 18:00 ҷараён мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.