Ҳамкорон аз “Гулшан”: Хурмо Ширинова бо сурудаш Афғонистонро “тарконд”…

Date:

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, сарояндаи зебосимо ва хушсадо Хурмо Ширинова рӯзи 17-уми декабр чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мавсуф бо ҳунари волояш дар таърихи созу навои муосири тоҷик нақши барҷастае аз худ боқӣ гузоштааст.

Ӯ соли 1998 дар айёми гулшукуфти умр ва эҷоди сурудҳои нав, дар интизори такмили оҳангҳои нотамом аз бемории саратон дунёро падруд гуфт. Гарчанде 21 сол аз даргузашти ин овозхони мумтоз сипарӣ шудааст, аммо номи ӯ дар қалби ҳаводорон зиндаву ҷовид аст.

Ҳамкорони пешин аз гурӯҳи овозадори “Гулшан” дар ин рӯзи мавлудаш аз ӯ бо меҳру ихлоси фаровон ёдовар шуданд.

Овозхони маҳбуби Тоҷикистон ва Шарқ

Умар Зиё, сарояндаи гурӯҳи созию овозии “Гулшан”, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, ки бо Хурмо Ширинова ҳамкорӣ мекард, дар бораи ӯ мегӯяд: “Хурмо инсони саховатманду самимӣ, санъаткори маҳбуб ва асил буд”.

Ба ақидаи ӯ, Хурмо яке аз ситораҳои дурахшони эстрадаи Тоҷикистон буд ва хоҳад монд.

“Шодравон дар ансамбли “Гулшан” мавқеи худро дошт. Хурмо овозхони маҳбуби на танҳо Тоҷикистон, балки Шарқ ҳам буд. Хеле афсӯс, ки дунёро зуд хайрбод гуфт. Хурмо дар баробари овози хубу ширин доштанаш, қаду қомати расо, симои зебо ва маҳорати хуби сарояндагӣ дошт. Хеле хушбахтам, ки бо ин нобиға якҷо фаъолият кардаам ва то ҳол сурудҳояшро замзама мекунам. Вақте садои ширадору дилнишини ӯро мешунавем, беихтиёр чеҳраи хандону қомати мавзуни Хурмо пеши назарамон падидор мешавад. Вале ҳазорон ҳайф, ки ҷавон рафт”,  -изҳор дошт Умар Зиё.

Ӯ ба хотир меорад, ки вақте гурӯҳи эстрадии “Гулшан” соли 1981 ба Афғонистон сафари ҳунарӣ дошт, Хурмо бо сурудҳои худ, аз ҷумла, таронаи “Ай бути бераҳм” Афғонистонро “тарконд”. Чунон сурудро замзама намуд, ки мардум ба по рост истода, қарсак мезаданд ва барояш туҳфаҳои гаронбаҳо тақдим мекарданд.

МЕДИА (YOUTUBE)

“Хурмо, ту ҳақ надорӣ, ин дунёро падруд гӯйӣ…”

Раҳима Шалоэр, собиқ сарояндаи гурӯҳи эстрадии “Гулшан”-ро ҳангоми суҳбат бо хабарнигори Asia-Plus гиря гулӯгир мекард.

Номбурда Хурморо “марворид”-и эстрадаи тоҷик номида, афзуд: “То ҳол бовар надорам, ки ӯ паҳлӯи мо нест ва таҳаммул кардани ин ғам бароям сангин аст. Хурмо ситораи дурахшони ансамбли мо буд ва хеле ба зудӣ ин ҷаҳонро тарк кард. Вале дар умри кӯтоҳи худ сарвати гаронбаҳо – таронаҳои воло аз худ боқӣ гузошт. Хеле инсони самимӣ ва меҳрубон буд. Ҳамеша сухани ширин ва табассуми зебояш ба ёдам меояду худро хушбахт эҳсос мекунам, ки бо чунин шахсияти наҷиб дӯсту ҳамкор будам”.

Хурмо аз бемории саратон ранҷ мекашид. Раҳима Шалоэр мегӯяд: “Баъд аз шунидани ин хабари шум дунё дар назарам тира шуд”.

Ҳамсуҳбати мо бо оби чашм ба ёд меорад, ки Хурмо барои ҷарроҳӣ ба шаҳри Хуҷанд (Ленинободи онвақта) меравад ва ӯ низ баъд аз чанд рӯз барои хабаргирияш раҳсипор мешавад. Вале Хурмо дар он вақт ба Душанбе баргашта, бо ҳамин ба онҳо муяссар намешавад, ки ба дидори ҳам бирасанд. Дар он рӯзҳо Раҳима ба Тошканд барои аёдати наздиконаш рафта, ба зудӣ боз ба Душанбе бозмеояд, то Хурморо бубинад. Аммо ӯ аз сабаби бемор буданаш ба Хоруғ меравад.

Раҳима Шалоэр гарчанде ҳар рӯз бо Хурмо телефонӣ суҳбат мекард, вале тасмим мегирад, ки ба назди ӯ Бадахшон биравад. Вале ҳавои номусоид имкони сафар надод. Раҳима бо Хурмо як рӯз пеш аз фавташ суҳбати телефонӣ карда, ба ӯ мегӯяд: “Хурмо, ту ҳақ надорӣ, ин дунёро падруд гӯйӣ ва моро танҳо гузорӣ! Наход туи ҷасур натавонӣ бо як беморӣ мубориза барӣ? Наход натавонӣ онро шикаст диҳӣ? Ту барои сароидан ба дунё омадаӣ, мефаҳмӣ? Ту бояд зиндагӣ бикунӣ ва бисароӣ. Мухлисон ва дӯстонат мунтазиранд”.

Хурмо Ширинова дар ҷавоб мегӯяд: “Бале, ман боз месароям ва шуморо болида месозам. Ман намемирам”.

“Рӯзи дигар хабари шумро шунидам, ки Хурмо аз дунё рафт. Наздиконаш қисса карданд, ки ҳатто дар вақти бемор буданаш ҳамеша месароид. Ёдат гиромӣ бод, Хурмои азиз! Ҳамеша пазмони туям”, – бо андӯҳи зиёд иброз дошт Раҳима Шалоэр.

МЕДИА (YOUTUBE)

Интихоби суруд барои ҳамсароӣ

Баҳодур Неъматов, сарояндаи шинохтаи тоҷик, ки бо Хурмо Ширинова дуэти “Рӯзи ману ту”-ро сароидааст, мегӯяд, ӯ бисёр инсони хушгуфтор, саҳназеб, рафиқ ва ҳамсафари хуб буд.

Неъматов матни сурудро аз эҷодиёти Муҳаммад Иқбол барои дуэт махсус интихоб карда, ба Хурмо пешниҳод мекунад, ки онро бо ҳам бисароянд. Хурмо ин таклифро мепазирад. Онҳо ин таронаро дар чандин чорабиниҳои дохилу хориҷи кишвар якҷо сароидаанд.

“Зиёд кофтуков кардам, то матне интихоб намоям, ки барои дуэт мувофиқ бошад. Билохира, пайдо кардам ва ба ӯ гуфтам: “Хурмоҷон, биё онро якҷо месароем ва ӯ хеле шод шуд. Бо Хурмо дар чорабиниҳои зиёд якҷо мерафтем ва месароидем. Аз Хурмо нишоне ҳаст – писараш Хуршедҷон, ки соле қабл ба Тоҷикистон омада, издивоҷ кард. Мо дар тӯйи ӯ ширкат варзидем ва бахми домодияшро ба хушӣ гузарондем”.

МЕДИА (YOUTUBE)

Маълумотнома

Хурмо Ширинова 17-уми декабри соли 1957 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба собиқ Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудаву онро соли 1978 бомуваффақият ба итмом расонида, худи ҳамон сол фаъолияти эҷодии худро дар ансамбли эстрадии «Гулшан» оғоз кардааст.

Хурмо аз овони донишҷӯйӣ ба сабти таронаҳои ҷадид камар баста, сари вақт сурудҳояшро аз радио ва телевизион пешкаши мухлисонаш мекард. Симои зебо, овози ширадор, ҳаракатҳои баҷо дар саҳна ба ҳунари овозхонияш тобиши тоза меафзуд. Ҷустуҷӯ, навпардозӣ, ифодаҳои марғуби савт дар андак вақт ин бонуи ҳунармандро миёни мардум ва берун аз кишвар низ машҳур кард.

Пас аз омадан ба ансамбли эстрадии “Гулшан” Хурмо бо Рустам Раҳимов, ки дар ин гурӯҳ ба ҳайси навозандаи созҳои зарбӣ фаъолият мекард, дил баст ва хонадор шуд. Онҳо соҳиби як писар – Хуршед шуданд.

Хурмо дар солҳои 1980-ум яке аз маҳбубтарин сарояндагони таронаҳои эстрадӣ буд. Сурудҳои марғубаш аз қабили «Ман омадаам», «Маҳбубаи ҷон», «Ширин-ширин», «Фаромӯш макун», «Даври ҷавонӣ», «Масӯзон», «Ману дарё», «Дунё манам», «Ҷаҳони ман», «Кабки дарӣ», «Ишқи синасӯз», «Дидор набинам», «Кафтараки ман», «Боди насим», «Қиссаи вафо», «Дунёи дил» аз дар ганҷинаи заррини радиои Тоҷикистон сабт шудаанд. Соли 1987 ӯро бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз карданд.

Дар ин матлаб видеоҳои YouTube аз сафаҳоти Созу навои точик, Music Ocean ва habibsl истифода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...