Интиқоли пул: То ҳалли ҳамаи мушкилот тоҷикистониёнро ба сабр даъват мекунанд

Date:

Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шариф Раҳимзода даъват мекунад, ки то ба таври комил гардон шудани низоми нави интиқоли пул дар ҷумҳурӣ мунтазир мебояд шуд.

Ӯ таъсиси Маркази миллии протсессингӣ (ММП) оид ба интиқоли пул бе кушодани суратҳисоб дар назди Бонки миллии Тоҷикистонро “ба манфиати кишвар” медонад.

“Бешубҳа, аввал душвориҳои муайян пайдо мешаванд. Каме мунтазир мебояд шуд, то ки мушкилот ҳал шавад”, – гуфт Раҳимзода имрӯз, 19-уми декабр дар ҷаласаи маҳфили матбуотии журналистикаи иқтисодии “Тавозун”.

Мушкилро вакили парлумон ба фаъолияти низоми пардохти “Золотая корона” рабт медиҳад, ки то замони таъсиси ММП наздики 80%-и бозори интиқоли пули Тоҷикистонро бе кушодани суратҳисоб дар даст дошт.

“Одамон мегӯянд, тариқи “Золотая корона” пул фиристодаанд, аммо гирифтани он имкон надорад. Ин низом дар Тоҷикистон намояндагӣ дорад. Одамон бояд ба он муроҷиат кунанд, то ки маблағашонро бозпас бигиранд”, – иброз дошт Раҳимзода.

Ӯ таъкид дошт, ки Бонки миллӣ ба ин низом иштирок дар бозорро пешниҳод мекунад, лекин на бо он ҳиссае, ки қаблан дар ихтиёраш дошт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шариф Раҳимзода

“Ҳамаи ин мушкилот ҳалшаванда аст. Муҳим нест, ки одамон бо кадом тарз пулҳояшонро мегиранд, асосаш ин аст, ки онҳоро мегиранд”, – афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз 3-юми декабр Маркази миллии протсессингиро бе кушодани суратҳисоб ба кор даровард. Айни замон танҳо тариқи низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт” фиристодану гирифтани пул имконпазир аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...