Шуъбаи “Амонатбонк” дар Бохтар аз барқ 120 ҳазор сомонӣ қарздор аст?

Идораи барқи шаҳри Бохтар иддао дорад, ки шуъбаи №42-и “Амонатбонк” аз ҳаққи истифодаи нерӯи барқ зиёда аз 120 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Аммо масъулини шуъбаи мазкур мавҷудияти ин қарзро эътироф накарда, изҳор доштанд, ки даъвогар ба додгоҳ муроҷиат кунад. Сардори Хадамоти фурӯши барқи шаҳри Бохтар Аҳлиддин Шарифзода ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки айни замон 100 […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Идораи барқи шаҳри Бохтар иддао дорад, ки шуъбаи №42-и “Амонатбонк” аз ҳаққи истифодаи нерӯи барқ зиёда аз 120 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Аммо масъулини шуъбаи мазкур мавҷудияти ин қарзро эътироф накарда, изҳор доштанд, ки даъвогар ба додгоҳ муроҷиат кунад.

Сардори Хадамоти фурӯши барқи шаҳри Бохтар Аҳлиддин Шарифзода ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки айни замон 100 корхонаю ташкилот ва ширкатҳо аз ҳисоби ҳаққи истифодаи барқ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон қарздоранд. Аз ин 100 корхонаи шомили феҳрист панҷгонаи аввали қарздорон ба ин тартиб аст:

1. Беморхонаи шаҳри Бохтар – 484 ҳазору 934 сомонӣ.

2. Беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи Бӯрӣ Воҳидов – 195 ҳазору 859 сомонӣ.

3. Шуъбаи №42-и “Амонатбонк” – 120 ҳазору 524 сомонӣ.

4. ҶСК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” – 100 ҳазору 116 сомонӣ.

5. Муассисаи давлатии хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар – 93 ҳазору 372 сомонӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар байни корхонаҳои қарздор ҳудуди 70 адад ташкилоту идораҳои давлатӣ буда, боқӣ ширкатҳои хусусӣ мебошанд.

“Яке аз сабабҳои зиёд шудани қарзи ташкилоту идораҳои давлатӣ мувофиқат накардани маблағҳое, ки дар сметаҳои хароҷотии корхонаҳо барои пардохти ҳаққи истифодаи барқ пешбинӣ шудааст, ба масрафоти аслии онҳо мебошад. Аз ин ҷост, ки сол аз сол қарзи корхонаю ташкилотҳои давлатӣ зиёд мешавад. Ин мушкилот бештар дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва маориф ба мушоҳида мерасад”, – афзуд Шарифзода.

Дар ҳамин ҳол, масъулини шуъбаи №42-и “Амонатбонк” мавҷудияти ин қарзро эътироф намекунад. Сармуҳосиби он Асадулло Баротов ба “Азия-Плюс” гуфт: “Қарзе, ки Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар ба номи мо навиштаанд, соли 2016 пайдо шуд. Онҳо ин қарзро аз куҷо гирифтанд ва чиро ҳисоб карда, моро қарздор карданд, намедонем. Онҳо як санадро нишон доданд, ки мо 120 ҳазор сомонӣ қарздорем, вале мо имзо накардем, чунки ин санад бе иштироки мо тартиб дода шудааст”.

Муовини сарвари шуъбаи №42-и “Амонатбонк” Гулмаҳмад Тағоев ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки агар Идораи барқи шаҳри Бохтар ба далелҳои худ бовар дошта бошад, бигзор ба суд муроҷиат кунад. “Мо омодаем, ки тариқи судӣ бо онҳо вориди баҳс шавем. Ин баҳс солҳо идома дорад, вале он бояд ҳалли ҳуқуқии худро пайдо намояд. Агар суд ҳалномае содир кунад, ки мо воқеан қарздорем, пас, мо онро пардохт хоҳем кард. Вале аз чӣ бошад, ки онҳо ба суд муроҷиат намекунанд”, – афзуд ӯ.

Дар робита Аҳлиддин Шарифзода, сардори Хадамоти фурӯши барқи шаҳри Бохтар низ тасдиқ кард, ки баҳси мазкур 3 сол инҷониб давом дорад.

“Ин қарзи шуъбаи №42-и “Амонатбонк” аз соли 2016 то ба имрӯз ба номи онҳо сабт шуда омадааст. Вале роҳбарияти онҳо эътироф намекунад. Мо айни ҳол маводро ба прокуратураи шаҳр ва вилоят вобаста ба қарзи шуъбаи “Амонатбонк” равон кардаем. Ҳоло аз прокуратура ҷавобе нагирифтаем”, – қайд кард Шарифзода. Вай афзуд, ки малағи умумии қарзи истифодаи қувваи барқ дар шаҳри Бохтар то ба имрӯз беш аз 77 миллион сомониро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.