Интиқоли пул: То ҳалли ҳамаи мушкилот тоҷикистониёнро ба сабр даъват мекунанд

Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шариф Раҳимзода даъват мекунад, ки то ба таври комил гардон шудани низоми нави интиқоли пул дар ҷумҳурӣ мунтазир мебояд шуд. Ӯ таъсиси Маркази миллии протсессингӣ (ММП) оид ба интиқоли пул бе кушодани суратҳисоб дар назди Бонки миллии Тоҷикистонро “ба манфиати кишвар” медонад. “Бешубҳа, аввал душвориҳои муайян пайдо […]

Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шариф Раҳимзода даъват мекунад, ки то ба таври комил гардон шудани низоми нави интиқоли пул дар ҷумҳурӣ мунтазир мебояд шуд.

Ӯ таъсиси Маркази миллии протсессингӣ (ММП) оид ба интиқоли пул бе кушодани суратҳисоб дар назди Бонки миллии Тоҷикистонро “ба манфиати кишвар” медонад.

“Бешубҳа, аввал душвориҳои муайян пайдо мешаванд. Каме мунтазир мебояд шуд, то ки мушкилот ҳал шавад”, – гуфт Раҳимзода имрӯз, 19-уми декабр дар ҷаласаи маҳфили матбуотии журналистикаи иқтисодии “Тавозун”.

Мушкилро вакили парлумон ба фаъолияти низоми пардохти “Золотая корона” рабт медиҳад, ки то замони таъсиси ММП наздики 80%-и бозори интиқоли пули Тоҷикистонро бе кушодани суратҳисоб дар даст дошт.

“Одамон мегӯянд, тариқи “Золотая корона” пул фиристодаанд, аммо гирифтани он имкон надорад. Ин низом дар Тоҷикистон намояндагӣ дорад. Одамон бояд ба он муроҷиат кунанд, то ки маблағашонро бозпас бигиранд”, – иброз дошт Раҳимзода.

Ӯ таъкид дошт, ки Бонки миллӣ ба ин низом иштирок дар бозорро пешниҳод мекунад, лекин на бо он ҳиссае, ки қаблан дар ихтиёраш дошт.

“Ҳамаи ин мушкилот ҳалшаванда аст. Муҳим нест, ки одамон бо кадом тарз пулҳояшонро мегиранд, асосаш ин аст, ки онҳоро мегиранд”, – афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз 3-юми декабр Маркази миллии протсессингиро бе кушодани суратҳисоб ба кор даровард. Айни замон танҳо тариқи низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт” фиристодану гирифтани пул имконпазир аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.