“Шаъну эътиборашро паст зад”. Президент раиси суди шаҳри Гулистонро аз мансаб барканор кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 19-уми декабр дар бораи аз вазифаҳояшон озод кардани раиси суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд Наргис Ёдгорзода ва судяи ин суд Муродбек Насриддинзода фармон ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин мансабдорон  бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифа озод карда шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 19-уми декабр дар бораи аз вазифаҳояшон озод кардани раиси суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд Наргис Ёдгорзода ва судяи ин суд Муродбек Насриддинзода фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин мансабдорон  бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифа озод карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми ноябр зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ изҳор дошт, ки танҳо дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Суди Олӣ 190 шикоят ва 44 арзу шикоят ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ доир ба амалҳои судяҳо, аз ҷумла, 58 шикоят дар хусуси ба кашолкорӣ роҳ додан ҳангоми баррасии парвандаҳо, 7 шикоят оид ба иҷро нашудани санадҳои судӣ ва 125 шикоят доир ба беамалии судяҳо ворид гардидааст.

“Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, аз соли 2009 то инҷониб 25 нафар судяҳо (аз ҷумла 1 нафар зан) ва 16 нафар кормандони дастгоҳи судҳо барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба ҷазоҳои гуногун маҳкум шудаанд, ки чунин вазъ бисёр нигаронкунанда ва боиси ташвиш мебошад”, – гуфт сарвари давлат.

Ӯ зикр кард, ки дар фаъолияти судяҳо камбудиҳо, ба монанди бо сифати паст таҳия кардани санадҳои судӣ ва дар ин замина зиёд шудани бекоршавии қарорҳои судӣ ва риоя накардани муҳлати баррасии парвандаҳо ҷой доранд, ки боиси норозигии мардум ва воридшавии арзу шикоят ба мақомоти болоӣ мегарданд.

“Аз ин рӯ, раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бояд ҷиҳати баланд бардоштани касбияти судяҳо чораҳои ҷиддӣ андешида, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо шахсияти онҳоро ҳаматарафа омӯхта, дар баробари донишу таҷриба, инчунин одобу ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии онҳоро ба эътибор гиранд”, – таъкид дошта буд раисҷумҳур.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.