Афзоиши маблағгузории давлатӣ ба аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ

Маблағгузорӣ ба аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ аз ҳисоби буҷети давлат нисбат ба маъракаҳои интихоботии солҳои пешин ду баробар меафзояд. Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии расман сабтиномшудаи Тоҷикистон, ки номзадҳои худро тибқи рӯйхати ҳизбӣ ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон […]

Маблағгузорӣ ба аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ аз ҳисоби буҷети давлат нисбат ба маъракаҳои интихоботии солҳои пешин ду баробар меафзояд.

Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии расман сабтиномшудаи Тоҷикистон, ки номзадҳои худро тибқи рӯйхати ҳизбӣ ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ мекунанд, барои баргузории маъракаи пешазинтихоботӣ ҳар кадоме 50 ҳазор сомонӣ (интихоботи соли 2015 – 25 ҳазор сомонӣ) маблағ мегиранд.

Ғайр аз ин, ба ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ пас аз бақайдгириии расмии онҳо дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои пеш аз интихоботӣ 5 ҳазор сомонӣ (интихоботи соли гузашта – 3 ҳазор сомонӣ) маблағ дода мешавад.

Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб мешаванд. Ҳамзамон 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.