Театри драмавии русии ба номи Маяковский ба ҷоизаи ба номи Кирилл Лавров сазовор дониста шуд

Date:



           

Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Театри драмавии русии ба номи Маяковский ба ҷоизаи ба номи арбоби шинохтаи санъати театрии Русия – Кирилл Лавров сазовор дониста шуд. Барандагони ҷоизаҳои ҷашнвораи


XI


-уми байнулмилалии театрҳои кишварҳои узви ИДМ ва Балтика таҳти унвони «Вохӯриҳо дар Русия» чанде қабл муайян гардиданд.





           

Тибқи иттилои хабаргузориҳои Русия, спектакли «Омурзиш» (Исповед)-и коргардон Барзу Абдураззоқов, ки аз ҷониби театри драмавии русии ба номи Маяковский намоиш дода шуд, ба ҷоизаи Кирилл Лавров таҳти унвони «Саҳнаи хурд» сазовор дониста шуд.




           

Маросими супурдани ҷоизаҳо дар театри «Балтийский дом», ки муддати 8 рӯз дар он спектаклҳои ҷашнвора намоиш дода шуданд, баргузор гардид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related