Аз роҳи Душанбе-Хуҷанд наздики 150 нафар ба макони бехавф интиқол ёфтанд

Date:

Рӯзи 2-юми январ бар асари фаромадани тарма дар километрҳои 55, 62 ва 73-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ шуда буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод, ин роҳ то ҳол баста мебошад.

Вай афзуд, ки дар қитъаҳои зикршудаи роҳ тармаҳои зиёд фаромада, дар дигар қитъаҳо низ хавфи фаромадани он вуҷуд дорад.

Бо қарори муштараки Раёсати БДА ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Вазорати нақлиёт, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд. Корҳои тозакунии роҳ аз тарма ва барфи зиёд идома доранд.

“Кормандони Кумита ва филиали ширкати IRS, ки дар ҳолати хуби коршоям нигоҳ доштани ин роҳ ба зиммаи он вогузор шудааст, 2-юми январ наздики 150 нафар мусофирону ронандагони байни тармаҳо дармондаро ба ҷойи бехавф кӯчониданд”, – иброз дошт Юсуфӣ.

Ба гуфтаи номбурда, онҳое, ки ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд, бо хӯроки гарм ва кумаки тиббӣ таъмин гаштанд.

“Дар бораи кушодани роҳ ва барқарор шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ВАО хабар дода мешавад”, – изҳор дошт Юсуфӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳанӯз 31-уми январ дар бораи эҳтимоли фаромадани тармаҳо дар ағбаҳои Тоҷикистон огоҳӣ ба нашр расонида буд. Кумита боисрор аз аҳолӣ даъват ба амал оварда буд, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ё роҳҳое, ки хатари лағзиши тарма доранд, масофаро ҷиддан риоя кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...