Оғози маъракаи пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандатӣ

Дар Тоҷикистон аз 1-уми январ маъракаи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ оғоз гардид. Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Наврӯз Самадзода хабар дод, ин маърака то 15-уми январ идома меёбад. Дар Тоҷикистон 41 ҳавзаи интихоботӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳар кадоми онҳо […]

Дар Тоҷикистон аз 1-уми январ маъракаи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ оғоз гардид.

Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Наврӯз Самадзода хабар дод, ин маърака то 15-уми январ идома меёбад.

Дар Тоҷикистон 41 ҳавзаи интихоботӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳар кадоми онҳо як вакил ба палатаи поёнии парлумон интихоб мешавад.

“Дар баробари намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, шахсони ғайриҳизбӣ ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба сифати худпешбарӣ ҳамчун номзад дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ сабтином шуда метавонанд”, – гуфт намояндаи КМИР.

Зикр шуд, ки бақайдгирии расмии номзадҳо аз 16-уми январ шурӯъ мешавад.

Маъракаи интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи кишвар 1-уми марти соли 2020 баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.