Оғози маъракаи пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандатӣ

Date:

Дар Тоҷикистон аз 1-уми январ маъракаи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ оғоз гардид.

Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Наврӯз Самадзода хабар дод, ин маърака то 15-уми январ идома меёбад.

Дар Тоҷикистон 41 ҳавзаи интихоботӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳар кадоми онҳо як вакил ба палатаи поёнии парлумон интихоб мешавад.

“Дар баробари намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, шахсони ғайриҳизбӣ ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба сифати худпешбарӣ ҳамчун номзад дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ сабтином шуда метавонанд”, – гуфт намояндаи КМИР.

Зикр шуд, ки бақайдгирии расмии номзадҳо аз 16-уми январ шурӯъ мешавад.

Маъракаи интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи кишвар 1-уми марти соли 2020 баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related