Ба рушди фарҳангу варзиш имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ сарф мешавад?

Date:

Дар Тоҷикистон имсол барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ҳамон миқдор маблағҳои буҷетӣ сарф хоҳад шуд, ки барои рушди бахши кишоварзӣ, соҳаи саноат ва сохтмон ҷудо мешавад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ имсол барои рушди соҳаи фарҳанг ва варзиш наздики 1 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо мекунад, ки 4% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Қариб ҳамин миқдор маблағ ба рушди се соҳаи асосии иқтисод – бахшҳои кишоварзӣ, саноат ва сохтмон равона мегардад.

Дар буҷети соли 2020 барои соҳаи фарҳангу варзиш ҷудо гардидани 973 млн. сомонӣ, бахши аграрӣ – 785 млн. сомонӣ ва саноату сохтмон – 232 млн. сомонӣ маблағҳо пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҷудо гардидани маблағҳои нисбатан зиёд ба соҳаи маориф (5 млрд. сомонӣ), энергетика (3,9 млрд. сомонӣ), суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (3,9 млрд. сомонӣ) ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли равон 26,3 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 9,3% зиёдтар мебошад.

Буҷети давлатии Тоҷикистон хусусияти иҷтимоӣ дошта, 44,5% аз ҳаҷми умумии буҷети соли 2020 (11,7 млрд. сомонӣ) барои маблағгузории бахши иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...