Ба рушди фарҳангу варзиш имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ сарф мешавад?

Дар Тоҷикистон имсол барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ҳамон миқдор маблағҳои буҷетӣ сарф хоҳад шуд, ки барои рушди бахши кишоварзӣ, соҳаи саноат ва сохтмон ҷудо мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ имсол барои рушди соҳаи фарҳанг ва варзиш наздики 1 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо мекунад, ки 4% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Қариб ҳамин миқдор маблағ ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон имсол барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ҳамон миқдор маблағҳои буҷетӣ сарф хоҳад шуд, ки барои рушди бахши кишоварзӣ, соҳаи саноат ва сохтмон ҷудо мешавад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ имсол барои рушди соҳаи фарҳанг ва варзиш наздики 1 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо мекунад, ки 4% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Қариб ҳамин миқдор маблағ ба рушди се соҳаи асосии иқтисод – бахшҳои кишоварзӣ, саноат ва сохтмон равона мегардад.

Дар буҷети соли 2020 барои соҳаи фарҳангу варзиш ҷудо гардидани 973 млн. сомонӣ, бахши аграрӣ – 785 млн. сомонӣ ва саноату сохтмон – 232 млн. сомонӣ маблағҳо пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҷудо гардидани маблағҳои нисбатан зиёд ба соҳаи маориф (5 млрд. сомонӣ), энергетика (3,9 млрд. сомонӣ), суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (3,9 млрд. сомонӣ) ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли равон 26,3 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 9,3% зиёдтар мебошад.

Буҷети давлатии Тоҷикистон хусусияти иҷтимоӣ дошта, 44,5% аз ҳаҷми умумии буҷети соли 2020 (11,7 млрд. сомонӣ) барои маблағгузории бахши иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.