Марги сарбози тоҷик баъди ду моҳи даъват ба артиш. Равшан Азизов бемор буд?

Равшан Азизов, сокини 21-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, баъд аз ду моҳи даъват ба артиш ва хидмат дар қисми "0438"-и нирӯҳои марзбонӣ дар шаҳри Хоруғ бар асари беморӣ даргузаштааст. Мақомот мегӯянд, ӯ саратони гулӯву бинӣ буд. Пайвандонаш иддао доранд, ки Равшан Азизов пеш аз рафтан ба артиш ҳеч дард надошт ва зоҳиран дар шароити, […]

Алишер Зарифӣ, Радиои Озодӣ

Равшан Азизов, сокини 21-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, баъд аз ду моҳи даъват ба артиш ва хидмат дар қисми "0438"-и нирӯҳои марзбонӣ дар шаҳри Хоруғ бар асари беморӣ даргузаштааст.

Мақомот мегӯянд, ӯ саратони гулӯву бинӣ буд. Пайвандонаш иддао доранд, ки Равшан Азизов пеш аз рафтан ба артиш ҳеч дард надошт ва зоҳиран дар шароити, ба гуфтаи онҳо, бади хидмат мариз шудааст. Коршиносон мепурсанд, ки агар ин ҷавон бемор буд, чаро ҳангоми фиристодан ба артиш табибон дақиқ накарданд.

Азизовро моҳи октябри соли 2019 ба хидмати ҳарбӣ фиристодаанд ва ӯ рӯзи 17-уми декабр дар бемористон даргузашт. Мақомоти Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба падари сарбоз гуфтаанд, ки марги ӯро таҳқиқ мекунанд.

Уктамҷон Исоев, падари сарбоз, рӯзи 5-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, гузашта аз ин, Равшан Азизов писари ягонаи оила буд ва мақомот ҳақ надоштанд, ӯро ба артиш фиристанд. Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз моҳи августи соли 2019 дар як санад тасдиқ кардааст, ки Азизов писари ягонаи хонавода аст. Нусхаи ин санад дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст.

Бар асоси қонун дар Тоҷикистон писарони ягонаи оилаҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда намешаванд, аммо маълум нест, ин ҷавон чӣ гуна ба артиш бурда шудааст. Уктам Исоев иддао дорад, ки писарашро бо фиреб ва маҷбурӣ ба артиш фиристодаанд ва талошҳояш барои бозгардондани ӯ бенатиҷа буд.

"Моҳи октябр ба писарам хабар додаанд, ки ба ӯ ҳамчун писари ягонаи оила санад медиҳанд. Вақте ба комиссариати ҳарбӣ рафтааст, ӯро ба хидмат фиристодаанд. Писарам сиҳат буд ва ҳеч шикоят надошт", – мегӯяд ӯ.

Ба нақли ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баъди бемор шудан писарашро аввал дар шифохонаи ҳарбии Душанбе, "Қарияи Боло" ва дертар дар бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ кардаанд: "Аҳволаш хеле вазнин буд. Дандонҳояш варам карда буд ва хӯрок хӯрда наметавонист. Пизишкон ошкоро чизе намегуфтанд. Фақат ишора мекарданд, ки бемориаш ҷиддӣ аст. Як вақт бемории роҳи нафас гуфтанд. Сардӣ ва шароити сахти хидмат ӯро ба беморӣ гирифтор кардааст. Агар сари вақт муолиҷа мекарданд, шифо меёфт".

Масъулони комиссараити ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 3-юми январ дар бораи чӣ тавр ба артиш фиристодани Равшан Азизов суҳбат накарданд. Як масъули комиссариат, ки худро полковник Абдухолиқов муаррифӣ кард, гуфт, бояд номаи расмӣ пешниҳод кунем. "Ҳоло чизе гуфта наметавонем. Нома фиристед, мебинем ва маълумотро дақиқ мекунем", – гуфт ӯ дар суҳбати телефонӣ.

Ҳасанҷон Шералиев, раиси ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ гуфт, аз марги Равшан Азизов хабар доранд, вале чӣ гуна ба артиш рафтани ӯро намедонанд. "Модараш вафот кардааст, бачаи ятим буд. Ӯро ба хидмат бурданд ва вақти зиёде нагузашта, гуфтанд, ки бемории саратон шудааст", – илова кард ӯ.

Дар яке аз ташхисҳои тиббии Равшан Азизов, ки Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносии Вазорати тандурустии кишвар аз он иқтибос овардааст, бемории ин ҷавон “саратони гулӯ ва бинӣ” навишта шудааст.

Бори аввал нест, ки пайвандони сарбозон аз тарзи, ба гуфтаи онҳо, нодурусти ҷалби фарзандонашон ба артиш ва ҳолатҳои бемориву марги онҳо ҳангоми хидмати ҳарбӣ шикоят мекунанд.

Дилрабо Самадова, раиси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, гуфт, дар соли 2019 расман 6 ҳолати марги сарбозонро дар артиш сабт кардаанд. Ӯ гуфт, дар асл ин омор метавонад аз он бештар бошад. “Аксари инҳо ба ҳолатҳои шиканҷа дар қисмҳои ҳарбӣ рост меоянд”, – шарҳ дод ӯ.

Самадова мегӯяд, дар сурати муроҷиати наздикони Равшан Азизов омода ҳастанд, ба ин хонавода кумаки ҳуқуқӣ расонанд.

Дар пайи нигарониҳо аз шеваи ҷалби ҷавонон ба артиш, моҳи ноябри соли 2019 дар Вазорати дифои Тоҷикистон гуфта буданд, камбудҳо дар ҳузури муовини нахуствазир Азим Иброҳим баррасӣ хоҳанд шуд. Бо гузашти беш аз як моҳ аз анҷоми нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон аз баррасии шикоятҳое, ки замони даъвати ҷавонон борҳо расонаӣ шудаанд, хабаре нест.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор – баҳору тирамоҳ – сурат мегирад ва дар ҳар даъват ҳазорҳо ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.

Вазорати дифои Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки дар муқоиса ба солҳои пеш шароити хидмати ҷавонон дар артиш беҳтар шудааст ва шумораи онҳое, ки ихтиёрӣ ба хидмат мераванд, афзудааст. Аммо сокинону таҳлилгарон ҳамвора аз вуҷуди ҷалби маҷбурии ҷавонон, омилҳои коррупсионӣ, шиканҷаву муносибати сард ва шароити бад дар қисмҳои ҳарбӣ ва набуди имтиёзҳои кофӣ барои сарбозон шикоят мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.