Садамаи автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Тюмен

Дар роҳи мошингарди вилояти Тюмен автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба автомашинаи боркаш бархӯрд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад. Бархӯрди мусофирбар бо мошини боркаши Isuzu имрӯз дар километри 266-уми роҳи автомобилгарди федералии Тюмен-Ханти-Мансийск дар ноҳияи Тоболи вилояти Тюмен рух додааст. “Тибқи маълумоти пешакӣ, дар автобусе, ки аз Тоҷикистон ба Сургут мерафтааст, 7 нафар мусофирон осеб дидаанд. […]

Asia-Plus

Дар роҳи мошингарди вилояти Тюмен автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба автомашинаи боркаш бархӯрд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Бархӯрди мусофирбар бо мошини боркаши Isuzu имрӯз дар километри 266-уми роҳи автомобилгарди федералии Тюмен-Ханти-Мансийск дар ноҳияи Тоболи вилояти Тюмен рух додааст.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, дар автобусе, ки аз Тоҷикистон ба Сургут мерафтааст, 7 нафар мусофирон осеб дидаанд. Бар асари ин садама ронанда ва мусофири Isuzu ҳалок шуда, айни замон шахсияти онҳо муайян карда мешавад”, – омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи хадамоти таъҷилии минтақа ба РИА Новости хабар додааст, ки ҳамаи мусофирони автобуси ба садама дучоршуда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

“Бино ба маълумоти саҳеҳшуда, дар автобус ҳамагӣ 45 нафар, аз ҷумла, 5 кӯдак сафар доштаанд, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд” , – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

РЕН. ТВ дар бораи 7 нафар ҳалокшудагон хабар медиҳад.

"Шумори фавтидагони садамаи бархӯрди автобус бо мошини боркаш ба 7 нафар расид. Тавре қаблан зикр гардида буд, бар асари ин садама 2 нафар ҳалок шуда, маҷруҳон ба бемористон мунтақил шуданд”, – иттлоъ медиҳад шабакаи телевизионӣ.

Сабаби рух додани садама мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба Sputnik Тоҷикистон гуфтаанд, дар ин садама 5 шаҳрванди Тоҷикистон буданд, ки аз миёни онҳо 3 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамчунин дар намояндагии дипломатӣ изҳор доштаанд, ки дар робита ба ин ҳодисаи нохуш бо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Русия дар тамос ҳастанд ва тозатарин маълумотро дастрас мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.