Пешбарии Гавҳар Шарофзода чун номзад ба вакилии парлумон аз ноҳияи Ҷайҳун

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ ба ҳайси номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шудааст. Дар ин хусус ба “Азия-Плюс” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун хабар доданд.  Бино ба иттилои манбаъ, вакилони конфронси муштараки кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ ба ҳайси номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шудааст.

Дар ин хусус ба “Азия-Плюс” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун хабар доданд. 

Бино ба иттилои манбаъ, вакилони конфронси муштараки кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз, 6-уми январ номзадии Гавҳар Шарофзодаро барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷайҳун №33 дастгирӣ карданд.

Маълумотнома:

Гавҳар Шарофзода 23-юми марти соли 1966 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгор хатм кардааст. Доктори илмҳои филологӣ, дотсент.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати роҳбари кружок, муаллими мактаби миёнаи №7 оғоз намуда, сипас то соли 1985 дар вазифаи муаллими мактаби миёнаи №1 ноҳияи Панҷ кор кардааст.

Солҳои 1990-2002 дар вазифаҳои лаборанти калони кафедраи адабиёти тоҷик, ассистенти кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, мудири аспирантура, муовини мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2002-2010 ба ҳайси сарэксперти Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, мудири шуъбаи забони Вазорати маориф, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, муовини ректор оид ба корҳои ташкилию тарбиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии ҶТ адои вазифа кардааст.

Аз марти соли 2010 дар вазифаи ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии ҶТ кор кардааст.

Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Номбурда 6-уми декабри соли 2013 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ таъин шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.