Соли 2019 дар Суғд қариб 6,4 ҳазор ҷиноят содир шудааст

Прокуратураи вилояти Суғд аз фаъолият дар соли 2019 натиҷагирӣ кард. Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов қайд кард, ки соли 2019 ба мақомоти прокуратураи вилояти Суғд беш аз 11,3 ҳазор муроҷиат ворид шуда, зиёда аз 3,7 ҳазор адади онҳо баррасӣ ва 665 адад қонеъ гардонида шудааст. Дар ин росто 375 нафар шахсон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардида, 298 […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Прокуратураи вилояти Суғд аз фаъолият дар соли 2019 натиҷагирӣ кард. Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов қайд кард, ки соли 2019 ба мақомоти прокуратураи вилояти Суғд беш аз 11,3 ҳазор муроҷиат ворид шуда, зиёда аз 3,7 ҳазор адади онҳо баррасӣ ва 665 адад қонеъ гардонида шудааст.

Дар ин росто 375 нафар шахсон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардида, 298 қарори ғайриқонунии мақомоти бозрасӣ ва тафтишот бекор шудаанд. Дар ин муддат 129 парвандаи маъмурӣ ва 3 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар самти назорати умумӣ ҳамагӣ 1575 санҷиш гузаронида шуда, қариб 23 ҳазор қонуншиканӣ ошкор шудааст. Зиёда аз 13,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда, 952 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 179,4 млн. сомонӣ зарари молиявӣ рӯёнида шудааст.

Давоми сол барои қонуншиканӣ дар соҳаи тандурустӣ 290 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ ҷалб шуда, нисбат ба 33 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Дар қаламрави вилояти Суғд соли 2019 дар маҷмӯъ 6378 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 295 ҳолат зиёдтар аз ҳамин давраи соли 2018 мебошад. Сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 92,8%-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.