$10 млн. қарзи “Барқи тоҷик” аз ҳисоби буҷет бахшида шуд

Date:

Ҳукумати Тоҷикистон қисмате аз маблағи қарздории ширкати “Барқи тоҷик”-ро назди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” аз ҳисоби кам кардани бақияи қарз аз андози нерӯгоҳ аз эътибор соқит мекунад.

Дар ин хусус дар қарори қабулшудаи ҳукумат оид ба дастгирии давлатии молиявии ширкати “Барқи тоҷик” маълумот дода мешавад.

Сухан дар бораи камшавии он қисмати қарзи ширкати “Барқи тоҷик” меравад, ки аз ҳисоби харидани барқ аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар ҳаҷми ҳудуди 98,5 млн. сомонӣ (беш аз 10 млн. доллар) ба вуҷуд омадааст.

Дар санад дастур дода шудааст, ки қарзи ҶСК “Сангтӯда-1” назди буҷети давлатӣ аз андозҳо кам карда шавад.

Қарзи аз эътибор соқитшуда ба сифати саҳми ҳукумати Тоҷикистон ба сармояи оинномавии “Барқи тоҷик” гузаронида мешавад.

Таҷрибаи аз эътибор соқит кардани қарзи ширкати “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ба ин тарз аллакай хусусияти доимӣ касб мекунад. Соли гузашта ба ҳамин восита наздики 5 млн. доллар қарзи ширкат бахшида шуд.

Айни замон қарзи ширкати “Барқи тоҷик” назди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” беш аз 1,3 млрд. сомонӣ (134 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳмияҳои он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва чаҳор агрегати нерӯгоҳ 31-уми июли соли 2009 пурра мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...