Умедвории Тоҷикистон ба хотимаи “бетартибиҳо” дар марз бо Қирғизистон

Тавре хабар дода будем, ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини сарвазир Азим Иброҳим фардо, 14-уми январ дар шаҳри Исфара бо ҳайати Қирғизистон таҳти роҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Жениш Раззоқов доир ба пешгирии муноқишаҳо дар марзи ду кишвар гуфтушунид мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҳайати Тоҷикистон аз роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин […]

Тавре хабар дода будем, ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини сарвазир Азим Иброҳим фардо, 14-уми январ дар шаҳри Исфара бо ҳайати Қирғизистон таҳти роҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Жениш Раззоқов доир ба пешгирии муноқишаҳо дар марзи ду кишвар гуфтушунид мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҳайати Тоҷикистон аз роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ иборат аст.

“Ҳайати Тоҷикистон умедвор аст, ки дар Исфара бобати минбаъд роҳ надодан ба муноқишаҳо дар сарҳад ва ҳалли ниҳоии масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани созмондиҳандагони ин низоъҳо созиш ҳосил мешавад”, – қайд кард манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон гурӯҳҳои доимо амалкунандаи иборат аз харитасозон, мутахассисони масоили геодезӣ ва коршиносон ба масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад машғуланд.

Дар доираи гуфтушуниди рӯзи 14-уми январ дар Исфара баргузории вохӯриҳои ҷудогонаи роҳбарони Прокуратураи генералӣ, ВКД ва хадамоти сарҳадбонии кишварҳо аз эҳтимол дур нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.