Роҳи Душанбе-Хуҷанд боз муваққатан баста шуд

Бар асари фаромадани тарма ва боришоти барфи зиёд 12-уми январ роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд муваққатан баста шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Умеда Юсуфӣ хабар дод, айни замон кормандони Вазорати нақлиёт ва хадамоти роҳсозии ширкати IRS ба бартараф кардани оқибатҳои тармафароӣ ва тозакунии роҳ аз барф машғуланд. Дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бар асари фаромадани тарма ва боришоти барфи зиёд 12-уми январ роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд муваққатан баста шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Умеда Юсуфӣ хабар дод, айни замон кормандони Вазорати нақлиёт ва хадамоти роҳсозии ширкати IRS ба бартараф кардани оқибатҳои тармафароӣ ва тозакунии роҳ аз барф машғуланд.

Дар ҷойҳои тармафароӣ баҳри таъмини бехатарии ронандагону мусофирон аз ҳисоби наҷотбахшони Кумита, кормандони БДА ва ширкати IRS постгоҳҳо ташкил карда шудааст.

Ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, кормандони Вазорати нақлиёт, КҲФ ва ширкати IRS ният доранд, ки нимаи дуюми имрӯз, 13-уми январ ҳаракати нақлиётро тариқи ин роҳ барқарор кунанд.

Юсуфӣ афзуд, ки 12-уми январ дар қитъаи роҳи мошингарди Лаби Ҷари ноҳияи Сангвор тарма фаромада, барои тозакунии он техникаи Вазорати нақлиёт сафарбар шуд ва роҳ худи ҳамон рӯз дубора боз гардид.

Дар робита Кумита ба ронандагон тавсия медиҳад, ки дар чунин вазъи ҳаво ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳолатҳои туману яхбандӣ Кумита ба ронандагон тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар ҳатман ҳолати техникии мошин ва чархҳои онро аз назар гузаронида, системаи тормозро бодиққат санҷанд, ки оё барои ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар мавсими зимистон ва яхбандӣ муносибанд?

Тавсияҳои дигари КҲФ:

Ҳолати фонусҳои мошинро ҳам аз назар гузаронед. Дар ҳолати хира будани ин фонусҳо, онҳоро ҳатман иваз кунед.

Ин тавсияҳо барои ронандагоне, ки дар роҳҳои яхбаста сафар доранд:

– ҳаракати мошин аз аввал бояд бо суръати паст ва оҳиста бошад;

– бо ҳамон суръате бояд ҳаракат кард, ки бехатарӣ таъмин бошад, бахусус, ҳангоми ҳаракат дар пулҳо, гардишҳо ва фарозу нишеб;

– ҳангоми ҳаракат фосилаи байни мошинҳо бояд назар ба ҳолатҳои муқаррарӣ бештар бошад, зеро ист дар роҳҳои яхбаста хатари дигар дорад: ҳатман чархҳо баъд аз фишор болои тормоз хоҳанд лағжид;

Ҳамчунин огоҳӣ дода мешавад, ки дар рӯзҳои ҳавои номусоид сокинон беҳтараш бояд анҷоми ҳар гуна корҳои саҳро, ғунучини ҳезум, шикор ва ғайраро мавқуф гузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.