Ҳалокати 5 нафар дар садамаҳои ду рӯз

Рӯзҳои охир дар садамаҳои нақлиёти қаламрави кишвар 5 нафар ба ҳалокат расида, шахсияти яке аз онҳо то ҳол номаълум аст. Бино бар иттилои ВКД, сокини шаҳри Душанбе Муҳаммад Мадаминов, соли таваллудаш 1977, савори мошини тамғаи "Хова" бе рақами қайди давлатию ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт пиёдагарди шахсияташ номаълум – зани тахминан 40-45-соларо пахш […]

Рӯзҳои охир дар садамаҳои нақлиёти қаламрави кишвар 5 нафар ба ҳалокат расида, шахсияти яке аз онҳо то ҳол номаълум аст.

Бино бар иттилои ВКД, сокини шаҳри Душанбе Муҳаммад Мадаминов, соли таваллудаш 1977, савори мошини тамғаи "Хова" бе рақами қайди давлатию ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт пиёдагарди шахсияташ номаълум – зани тахминан 40-45-соларо пахш кардааст. Зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона фавтидааст.

Барои муайянсозии шахсияти зани мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Ҳамчунин рӯзи 11-уми январ ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Фозилҷон Пирназарови 40-сола, сокини ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз гузаргоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба самти ноҳияи Шаҳритус аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба симчӯби бетонии хатти барқ дар канори чапи роҳ бархӯрдааст.

Бар асари он мусофир Обидҷон Пирназаров, сокини ноҳияи Қубодиён дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигар – Расулҷон Пирназаров ва Ғуломҷон Шерматов, сокинони ноҳияи мазкур ҷарроҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона шудаанд.

Ҳамон рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Шаҳром Шарифови 21-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ҳисор-Душанбе” дар ҳудуди деҳаи Дараи ноҳияи Рӯдакӣ пиёдагард Марзия Маҷидова, соли таваллудаш 1967, сокини деҳаи Чоряккорон ва ноболиғ Достон Мирзобоев, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 9-и МТМУ, сокини деҳаи Шуртуғайи ноҳияи Рӯдакиро пахш кардааст. Дар натиҷа Маҷидова ба ҳалокат расида, ноболиғ Мирзобоев дар беморхона бистарӣ шудааст.

Инчунин ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира» Нуриддин Баҳриддинзода, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Қалъачаи Раиси ноҳияи Деваштич ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтан ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» таҳти идораи Раҳимов Аҳтам Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Варзоб бармехӯрад.

Дар натиҷа ронанда Раҳимов ва мусофир Мавзуна Ҳасанова, соли таваллудаш 2001, донишҷӯйи соли якуми Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, сокини деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтиданд.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.