Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон бори навбатӣ масоили марзиро баррасӣ мекунанд

Ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии муовини сарвазир Жениш Раззоқов бо ҳайати Тоҷикистон доир ба вазъ дар сарҳад гуфтушунид мекунанд. Интизор меравад, ки ин вохӯрӣ 14-уми январ дар минтақаи наздимарзӣ доир мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад. Ҳайати Қирғизистон аз роҳбарони Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти давлатии сарҳадбонӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин […]

Asia-Plus

Ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии муовини сарвазир Жениш Раззоқов бо ҳайати Тоҷикистон доир ба вазъ дар сарҳад гуфтушунид мекунанд. Интизор меравад, ки ин вохӯрӣ 14-уми январ дар минтақаи наздимарзӣ доир мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад.

Ҳайати Қирғизистон аз роҳбарони Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти давлатии сарҳадбонӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин мақомоти дахлдори давлатӣ иборат хоҳад буд.

Ба ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим намояндагони Прокуратураи генералӣ, КДАМ, ВКД ва дигар сохторҳои марбута шомил шудаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” ёвари муовини сарвазири Тоҷикистон хабар дод, вохӯрӣ дар шаҳри Исфара баргузор мешавад.

Дар гуфтушунид вазъ дар сарҳади кишварҳо, тадбирҳои минбаъда бобати ба эътидол овардани он, масоили таҳкими амният дар марз, чораҳои пешгирии муноқишаҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин масъалаҳои суръатбахшӣ ба кори таъйин ва аломатгузории хати сарҳади байни давлатҳо баррасӣ мешаванд.

Вохӯрии мазкур мутобиқи қарордоде, ки дар натиҷаи суҳбати телефонии сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 11-уми январ ҳосил шуд, баргузор мешавад.

Зимни суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков аҳаммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди музокирот оид ба масъалаҳои сарҳадотро махсус таъкид карданд.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи ахир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 9-уми январ сар зада, сокинони деҳоти наздимарзӣ аз ду ҷониб мошинҳои ҳамдигарро сангборон карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.