Зинаи 93-юми Тоҷикистон дар феҳристи амнияти озуқаворӣ

Дар феҳристи “Амнияти глобалии озуқаворӣ” (The Global Food Security Index), ки ҳамасола маҷаллаи бритонии The Economist нашр мекунад, байни 113 кишвар Тоҷикистон зинаи 93-юмро ишғол карда, паҳлӯи Лаос ва Нигерия ҷойгир шудааст. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зинаи болотарро Қазоқистон (48-ум) касб карда, пас аз он Ӯзбекистон (71-ум) қарор дорад. Қирғизистону Туркманистон дар ин самт мавриди […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар феҳристи “Амнияти глобалии озуқаворӣ” (The Global Food Security Index), ки ҳамасола маҷаллаи бритонии The Economist нашр мекунад, байни 113 кишвар Тоҷикистон зинаи 93-юмро ишғол карда, паҳлӯи Лаос ва Нигерия ҷойгир шудааст.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зинаи болотарро Қазоқистон (48-ум) касб карда, пас аз он Ӯзбекистон (71-ум) қарор дорад. Қирғизистону Туркманистон дар ин самт мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд.

Русия дар мақоми 42-юми раддабандӣ ҷойгир шуда, байни Туркия ва Колумбия қарор дорад.

Индекси “Амнияти глобалии озуқаворӣ” аз се қисмати асосии зерин иборат аст: сатҳи дастрасӣ ва истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ; мавҷудият ва кифояти маҳсулоти ғизоӣ ва сатҳи сифату бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ.

Ба даҳгонаи кишварҳои аз лиҳози амнияти озуқаворӣ бештар таъмин Сингапур, Исландия, ИМА, Швейтсария, Финландия, Норвегия, Шветсия, Канада, Нидерланд ва Австрия шомил шудаанд.

Дар зинаҳои охири феҳрист Чад, Конго, Яман, Бурунди ва Венесуэла қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.