Дуздии 25 сар чорво бо сабукрави “Nexia”

Кормандони милитсия 2 нафарро дар ноҳияи Айнӣ ба гумони дуздии чорвои мардум дастгир намуданд. Гумонбарон молҳоро тавассути мошини тамғаи “Nexia” аз оғилҳои мардум тасарруф мекарданд. Дар ин бора маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд тавассути барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст. Кормандони милитсияи ноҳияи Айнӣ пас аз се моҳи шикояти мардум оид ба гум шудани чорвоҳояшон […]

Кормандони милитсия 2 нафарро дар ноҳияи Айнӣ ба гумони дуздии чорвои мардум дастгир намуданд. Гумонбарон молҳоро тавассути мошини тамғаи “Nexia” аз оғилҳои мардум тасарруф мекарданд.

Дар ин бора маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд тавассути барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.

Кормандони милитсияи ноҳияи Айнӣ пас аз се моҳи шикояти мардум оид ба гум шудани чорвоҳояшон 2 нафар гумонбарон – Маъруф Ҳусейнов, сокини деҳаи Рукнобод ва Тоҷидин Шеров, истиқоматкунандаи деҳаи Мазори Шарифро ба гумони дуздӣ дастгир карданд.

Онҳо бо истифода аз сабукрави тамғаи “Nexia” чорвои мардумро аз оғилҳои канори роҳ мерабудаанд. Гумонбарон даҳ сар моли майда ва панҷ сар чорвои калони шохдори аҳолии деҳаҳои Хушекат, Искодар ва Анзоби ноҳияи Айниро бо арзиши эҳтимолии 25 ҳазору 500 сомонӣ рабудаанд.

Молҳои дуздиро онҳо тавассути мошин ба шаҳри Панҷакент интиқол дода, дар бозорҳои шаҳру деҳот мефурӯхтанд ё дар хонаи истиқоматии гумонбаршуда Шокиров, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ чорворо забҳ карда, гӯштро ба қассобхонаҳо месупориданд.

Инчунин гумонбарон дар моҳи ноябри соли гузашта, дар ноҳияи Шаҳристон 6 сар гов ва 4 сар моли майдаи шохдорро рабудаанд, ки арзиши онҳо беш аз 14 ҳазор сомонӣ мебошад.

Айни ҳол 9 ҳолати дуздиро тафтишот ба гумонбарон нисбат медиҳад, ки 25 чорво рабуда шудааст. Қисме аз онҳоро дарёфта, ба соҳибонашон баргардониданд.

Сокинон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳори сипос карда, гуфтаанд, чорводорӣ ягона шуғле мебошад, ки аз рӯйи он рӯзгори худро пеш мебаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.