Боз як зарбаи мушакӣ ба пойгоҳи низомии ИМА дар Ироқ

Пойгоҳи низомии Ат-Тоҷӣ дар шимоли Бағдод, ки аз ҷониби низомиёни ИМА истифода мешавад, мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Тавре хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, баъдан ин маълумот аз ҷониби артиши Ироқ тасдиқ гардидааст. Зарбаи мушакӣ рӯзи сешанбе, 14-уми январ зада шудааст. Тибқи маълумоти шабакаҳои телевизионӣ, дар зарба 5 мушак партоб шуда, дар бораи фавтидагону осебдидагон аз […]

Asia-Plus

Пойгоҳи низомии Ат-Тоҷӣ дар шимоли Бағдод, ки аз ҷониби низомиёни ИМА истифода мешавад, мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт.

Тавре хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, баъдан ин маълумот аз ҷониби артиши Ироқ тасдиқ гардидааст.

Зарбаи мушакӣ рӯзи сешанбе, 14-уми январ зада шудааст. Тибқи маълумоти шабакаҳои телевизионӣ, дар зарба 5 мушак партоб шуда, дар бораи фавтидагону осебдидагон аз ин зарба маълумот дода намешавад.

Низомиёни Ироқ хабар додаанд, ки зарба аз низоми оташфишонии шилликӣ (залповый) сурат пазируфтааст. То ҳол касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Гуфта мешавад, рӯзи 12-уми январ аз ҷониби шахсони номаълум ба пойгоҳи низомии авиатсионии ИМА Балад, ки дар шимоли шаҳри Бағдод ҷойгир аст, тирпарронӣ шуда, дар натиҷа 4 нафар осеб дидаанд, лекин байни онҳо сарбозони ИМА набудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.