Муаллима аз Хуҷанд ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2019» дониста шуд

Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни забони англисии литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» дониста шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, 18-уми январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2019» баргузор шуд. Гуфта мешавад, озмун рӯзи 16-уми январи соли […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни забони англисии литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» дониста шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, 18-уми январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2019» баргузор шуд.

Гуфта мешавад, озмун рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ оғоз гардида, тибқи шартҳои муайяншудаи Низомномаи озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» се рӯз идома ёфт. Дар он 5 нафар ғолиби даври вилоятию минтақавӣ ва шаҳрӣ: Мамадназарбеков Ризоалӣ – омӯзгори фанни физикаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон, Турсунзода Некрӯз – омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб, Каримова Дилафрӯз – омӯзгори фанни забони англисии литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд, Раҳимов Саидкарим – омӯзгори фанни таърихи мактаби байнулмилалии Президентии шаҳри Душанбе ва Соҳибова Ҳабиба – омӯзгори фанни ҳуқуқи литсей ба номи Т.Собирови шаҳри Ваҳдат иштирок карда, донишу малака ва истеъдоди худро санҷиданд.

“Тибқи баҳогузории аъзои ҳакамон, Мамадназарбеков Ризоалӣ соҳиби 177 хол, Турсунзода Некрӯз ва Раҳимов Саидкарим соҳиби 193 хол, Соҳибова Ҳабиба соҳиби 204 хол гардида, Каримова Дилафрӯз бо 205 хол ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2019» дониста шуд”, – омадааст дар хабар.

Зикр мешавад, ки дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолиб ва иштирокчиёни озмун туҳфаҳои рамзӣ, маблағ, нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дипломи Вазорати маориф ва илм, ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, инчунин роҳхат ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои истироҳату табобат супорида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.