Иштироки гуштигирони тоҷик дар Гран-прии Тел-Авив

Date:

Варзишгарони тоҷик имрӯз дар мусобиқаи байнулмилалии дзюдо – Гран Прии Тел-Авиви кишвари Исроил ширкат меварзанд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, мусобиқа рӯзҳои 23-25 январ идома меёбад.

Қувваозмоиҳо аз рӯйи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон) ҷараён мегирад, ки дар он 548 варзишгар аз 83 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар ҳайати 8 нафар ба Исроил сафарбар шуданд, ки дар 6 вазн миёни мардон гуштин мегиранд: Давлаталӣ Назаралиев (-60кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Саидҷалол Саидов (-100кг), Темур Раҳимов (+100кг), Шакармамад Мирмамадов (+100кг).

Имрӯз, 23-юми январ варзишгарони вазнашон -60кг, -66кг (мардон) ва -48, -52кг, -57кг (бонувон) рӯйи татамӣ мебароянд. Аз миёни варзишгарони мо танҳо Давлаталӣ Назаралиев гуштин мегирад. Ӯ дар даври аввал озод аст. Ҳарифаш дар даври дуюм Гусман Қирғизбоев аз Қазоқистон мебошад.

Дар рӯзи дуюм қувваозмоиҳои вазнҳои -73кг, -81кг (мардон), -63кг, -70кг (бонувон) доир мегардад, ки се варзишгари мо – Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов барои ба даст овардани ҷоизаҳо талош хоҳанд кард. Беҳрӯзу Сомон дар даври аввал озоданд, Акмал бо Кристиан Тонисте аз Эстония рақобатро шурӯъ мекунад.

Дар рӯзи сеюм Комроншоҳ Устопириён, Саидҷалол Саидов, Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов бо ҳарифони худ рақобат мекунанд. Комроншоҳ ва Темур дар даври аввал озод мебошанд. Ҳарифи Саидҷалол дар даври аввал Левис Медина аз Доминикан ва ҳарифи Шакармамад Бегболот Токтогонови қирғизистонӣ мебошанд.

Қувваозмоӣ ҷоизапулиро барои ҷойи якум 3000 доллари ИМА, барои мақоми дуюм 2000 ва барои ду ҷойи сеюм 1000-долларӣ муайян кардааст. Ҳамчунин варзишгарон соҳиби хол шуда, мавқеашонро дар радабандии ҷаҳон ва олимпӣ беҳтар мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...