Соли 2019 қариб 45 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русия гирифтанд

Соли 2019 қариб 498 ҳазор нафар хориҷиён шаҳрвандии Русия гирифтаанд, ки нисбат ба соли 2018 (269 ҳазор нафар) 84% зиёдтар аст. Тавре хабаргузории “Фергана” бо истинод ба Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Русия иттилоъ медиҳад, аксари гирандагони шаҳрвандии Русия аз хориҷиён мардуми Украина (наздики 300 ҳазор нафар) мебошанд. Дар идома шаҳрвандони Қазоқистон – 50,5 ҳазор, Тоҷикистон – […]

Соли 2019 қариб 498 ҳазор нафар хориҷиён шаҳрвандии Русия гирифтаанд, ки нисбат ба соли 2018 (269 ҳазор нафар) 84% зиёдтар аст.

Тавре хабаргузории “Фергана” бо истинод ба Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Русия иттилоъ медиҳад, аксари гирандагони шаҳрвандии Русия аз хориҷиён мардуми Украина (наздики 300 ҳазор нафар) мебошанд. Дар идома шаҳрвандони Қазоқистон – 50,5 ҳазор, Тоҷикистон – 44,7 ҳазор, Ӯзбекистон – 19,4 ҳазор, Қирғизистон – 9,3 ҳазор ва Туркманистон – 1,4 ҳазор нафар қарор доранд.

Соли гузашта 234,7 ҳазор нафар (соли 2018 – 268,2 ҳазор) шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи иқомати муваққатӣ (Разрешение на временное проживание, РВП) ва 182 ҳазор нафар (соли 2018 – 191,4 ҳазор) ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) гирифтаанд.

Шурӯъ аз 1-уми ноябри соли 2019 муҳлати ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия бемаҳдуд шуд.

Соли гузашта 13,8 млн. нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба қайди муҳоҷират гузошта шуда, 5,5 млн. нафари онҳо мақсади ба Русия омаданашонро барои кор зикр карданд. 1,77 млн. нафар хориҷиён (соли 2018 – 1,67 млн.) патенти кор дастрас кардаанд.

Соли 2020 дар бисёре аз минтақаҳои Русия нархи патент боло рафт. Аз ҷумла, дар Маскав он аз 5000 то 5350 рубл ва дар вилояти Маскав аз 4750 то ба 5100 рубл қимат шуд. Бо ёрии арзиши патент ҳукуматҳои маҳаллӣ шумори муҳоҷиронро дар минтақаҳо танзим мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон огоҳ мекунанд, ки болоравии нархи патентҳо дар қабули қарори муҳоҷир оид ба гирифтани он нақши манфӣ бозида метавонад ва ҳарчи бештар муҳоҷирон ба фаъолияти пинҳонӣ гузашта метавонанд.

Дар маводи зерин бо тартибу қоидаҳои чӣ гуна гирифтани шаҳрвандии Русия маълумоти муфассалтар ва муфид дарёфт карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.