Иштироки гуштигирони тоҷик дар Гран-прии Тел-Авив

Варзишгарони тоҷик имрӯз дар мусобиқаи байнулмилалии дзюдо – Гран Прии Тел-Авиви кишвари Исроил ширкат меварзанд. Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, мусобиқа рӯзҳои 23-25 январ идома меёбад. Қувваозмоиҳо аз рӯйи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон) ҷараён мегирад, ки дар он 548 варзишгар аз 83 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон […]

Варзишгарони тоҷик имрӯз дар мусобиқаи байнулмилалии дзюдо – Гран Прии Тел-Авиви кишвари Исроил ширкат меварзанд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, мусобиқа рӯзҳои 23-25 январ идома меёбад.

Қувваозмоиҳо аз рӯйи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон) ҷараён мегирад, ки дар он 548 варзишгар аз 83 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар ҳайати 8 нафар ба Исроил сафарбар шуданд, ки дар 6 вазн миёни мардон гуштин мегиранд: Давлаталӣ Назаралиев (-60кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Саидҷалол Саидов (-100кг), Темур Раҳимов (+100кг), Шакармамад Мирмамадов (+100кг).

Имрӯз, 23-юми январ варзишгарони вазнашон -60кг, -66кг (мардон) ва -48, -52кг, -57кг (бонувон) рӯйи татамӣ мебароянд. Аз миёни варзишгарони мо танҳо Давлаталӣ Назаралиев гуштин мегирад. Ӯ дар даври аввал озод аст. Ҳарифаш дар даври дуюм Гусман Қирғизбоев аз Қазоқистон мебошад.

Дар рӯзи дуюм қувваозмоиҳои вазнҳои -73кг, -81кг (мардон), -63кг, -70кг (бонувон) доир мегардад, ки се варзишгари мо – Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов барои ба даст овардани ҷоизаҳо талош хоҳанд кард. Беҳрӯзу Сомон дар даври аввал озоданд, Акмал бо Кристиан Тонисте аз Эстония рақобатро шурӯъ мекунад.

Дар рӯзи сеюм Комроншоҳ Устопириён, Саидҷалол Саидов, Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов бо ҳарифони худ рақобат мекунанд. Комроншоҳ ва Темур дар даври аввал озод мебошанд. Ҳарифи Саидҷалол дар даври аввал Левис Медина аз Доминикан ва ҳарифи Шакармамад Бегболот Токтогонови қирғизистонӣ мебошанд.

Қувваозмоӣ ҷоизапулиро барои ҷойи якум 3000 доллари ИМА, барои мақоми дуюм 2000 ва барои ду ҷойи сеюм 1000-долларӣ муайян кардааст. Ҳамчунин варзишгарон соҳиби хол шуда, мавқеашонро дар радабандии ҷаҳон ва олимпӣ беҳтар мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.