Мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар Вуҳан баргузор намешавад

Мусобиқаи қоравии интихобии олимпии бокс аз сабаби авҷи коронавирус дар шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин бекор карда шуд. Дар изҳороти гурӯҳи махсуси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ омадааст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи олимпии Чин ва шарикон макони нави баргузории мусобиқаро ҷустуҷӯ доранд. Он шояд дар дигар шаҳри Чин, ҳатто дар кишвари дигар баргузор шавад. Бино ба иттилои Кумитаи […]

Мусобиқаи қоравии интихобии олимпии бокс аз сабаби авҷи коронавирус дар шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин бекор карда шуд.

Дар изҳороти гурӯҳи махсуси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ омадааст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи олимпии Чин ва шарикон макони нави баргузории мусобиқаро ҷустуҷӯ доранд. Он шояд дар дигар шаҳри Чин, ҳатто дар кишвари дигар баргузор шавад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс бояд 3-14 феврал дар шаҳри Вуҳани Чин доир мегашт.

Рӯзи қабл Конфедератсияи футболи Осиё низ бинобар сабаби паҳн шудани вирус, ки дар натиҷа 17 нафар ба ҳалокат расидаанд, макони баргузории мусобиқаи интихобии олимпии бонувонро аз шаҳри Вуҳан ба шаҳри Нанҷинг гузаронд.

Тибқи иттилои мақомоти Чин, феълан ба коронавирус сироят ёфтани 540 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора ҳар рӯз меафзояд. Ҳолати сироят ёфтани шаҳрвандон дар дигар шаҳрҳои Чин, ҳамчунин Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон сабт шудааст. Ҳолати бақайдгирии сироятёфтагон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Мексика низ рӯй додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.