СҶТ аз хуруҷи беморӣ дар Чин вазъи фавқулодда эълон накард

Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) рӯзи 22-юми январ дар Женева тасмим гирифтанд, ки алҳол аз сабаби хуруҷи коронавируси нав ҳолати фавқулодда (ҲФ) эълон намекунанд. Бино ба маълумот дар сомонаи созмон, дар ҷаласаи кумитаи ҳолатҳои фавқулода директори генералии СҶТ Тедрос Адханом Гебрейесус иброз доштааст, ки барои қабули қарори ниҳоӣ ба онҳо маълумоти бештар лозим аст. Аз […]

Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) рӯзи 22-юми январ дар Женева тасмим гирифтанд, ки алҳол аз сабаби хуруҷи коронавируси нав ҳолати фавқулодда (ҲФ) эълон намекунанд.

Бино ба маълумот дар сомонаи созмон, дар ҷаласаи кумитаи ҳолатҳои фавқулода директори генералии СҶТ Тедрос Адханом Гебрейесус иброз доштааст, ки барои қабули қарори ниҳоӣ ба онҳо маълумоти бештар лозим аст. Аз ин рӯ, коршиносони кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи созмон қарор кардаанд, ки имрӯз, 23-юми январ боз як ҷаласаи дигар мегузаронанд.

“Ин вазъ ҷараён дошта, хеле мураккаб аст… Имрӯз мо онро баррасӣ карда, фаҳмидем, ки ҷиҳати қабули қарор маълумоти бештар лозим аст. Бо ин сабаб ман аз кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дархост кардам, ки пагоҳ (23-юми январ) баррасии масъаларо идома диҳанд”, – гуфтааст роҳбари СҶТ.

Дар ҳамин ҳол, СҶТ ҳушдор додааст, ки ба наздикӣ дар Чин ва дигар кишварҳо паҳншавии бемории илтиҳоби шуши навро интизор мебояд шуд, ки аз коронавируси 2019-nCoV ба вуҷуд меояд.

Ин ҷо бароятон кортҳоро омода кардем, ки ба ҳама гуна суолҳои муҳими вобаста ба коронавирус посух дарёфт карда метавонед.

Дар посух ба суоли хабаргузории Reuters оид ба сабаби ҳолатҳои нави сироятёбӣ, намояндаи СҶТ Тарик Язаревич гуфтааст, ки агар Чин пайгирии онро пурзӯртар кунад, ҳолатҳои нав пайдо хоҳанд шуд.

“Агар шумо ба пайгирӣ (мониторинг) ва ташхису муоина (диагностика) тақвият диҳед, рақамҳои нав мегиред”, – афзудааст ӯ.

То ҳозир вирус асосан дар шаҳри Ухани Чин мутамарказ шуда буд. Чунин шуморида мешавад, ки он дар бозори маҳсулоти баҳрии шаҳр пайдо гардидааст, ҳарчанд дар Шанхай ва Пекин низ ҳолатҳои ҷудогона ба қайд гирифта шудааст.

Бар асари сирояти он то имрӯз 17 нафар дар Чин ҳалок шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...