Сокинони Душанбеву Турсунзода барои паҳнкунии долларҳои қалбакӣ маҳкум шуданд

Моҳи июли соли 2019 аз Туркия ба Тоҷикистон ба сурати умум дар ҳаҷми 20 ҳазор долларҳои қалбакӣ оварда шудаанд. Тавре маркази матбуоти суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар медиҳад, онҳоро сокини 29-солаи шаҳри Турсунзода Абдулазиз Шукуров ба Тоҷикистон оварда, ҷиҳати ба муомилот баровардани онҳо сокини 38-солаи шаҳри Душанбе Мурод Қаюмов ба ӯ кумак кардааст. Ба […]

Моҳи июли соли 2019 аз Туркия ба Тоҷикистон ба сурати умум дар ҳаҷми 20 ҳазор долларҳои қалбакӣ оварда шудаанд.

Тавре маркази матбуоти суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар медиҳад, онҳоро сокини 29-солаи шаҳри Турсунзода Абдулазиз Шукуров ба Тоҷикистон оварда, ҷиҳати ба муомилот баровардани онҳо сокини 38-солаи шаҳри Душанбе Мурод Қаюмов ба ӯ кумак кардааст.

Ба иттилои манбаъ, онҳо ба иваз кардани нисфи пулҳои қалбакӣ фурсат ёфтаанд. Моҳи август дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ қариб 10 ҳазор доллари қалбакӣ ба сомонӣ иваз карда шудааст.

Тибқи маълумоти суд, то рӯзи содир шудани ҳукм, 18-уми январ  кормандони милитсия ҳамагӣ 1,7 ҳазор долларҳои қалбакиро дарёфту мусодира кардаанд. Маблағи боқимонда алҳол дарёфт нашудааст.

Бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ин ду нафар дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Тайёр кардан ё ба муомилот  баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта) гунаҳкор эътироф гардида, ҳар кадоме ба 8 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуданд.

Ҳамчунин нисбат ба онҳо меъёрҳои қонуни моҳи октябри соли 2019 қабулшуда “Дар бораи авф” татбиқ гардида, муҳлати ҷазо сеяки ҳисса кам шуд, яъне ҳар кадом 2,5 сол адои ҷазо мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.