Дархост аз сафири Олмон ҷиҳати афзоиши шумори донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии ин кишвар

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Чумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд. Тавре дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, то ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади дуҷониба ба имзо расида, […]

Аваз Юлдошев

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Чумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд.

Тавре дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, то ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади дуҷониба ба имзо расида, дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Олмон ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон аз ҳама зиёд санади муштаракро имзо намудааст.

“Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки самтҳои асосии ҳамкориҳои баӣни кишварҳо ин истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои олмонӣ, истеҳсол ва фурӯши сангҳои ороишии сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, татбиқи техника ва технологияҳои муосир мебошанд”, – омадааст дар хабар.

Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки яке аз лоиҳаҳои муҳим, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Олмон амалӣ мешавад, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар ВМК мебошад.

Ҷонибҳо қайд карданд, ки моҳи августи соли гузашта Тоҷикистону Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ ба маблағи 27 млн. евро созишнома ба имзо расониданд, ки як қисмате аз он ба сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” равона мешавад.

Дар вохӯрӣ ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, зикр гардид, ки моҳи майи соли 2016 парлумони Тоҷикистон бо парлумони Олмон гурӯҳи дӯстӣ таъсис додааст.

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз сафир дархост намуд, ки масъалаи афзоиши шумори ҷавонони тоҷикро барои таҳсил дар мактабҳои олии Олмон мавриди омӯзиш қарор диҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.