Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА – 9.6928 сомонӣ; 1 евро – 10.6950 сомонӣ;                      1 рубли русӣ – 0.1560 сомонӣ. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ 1924 — Маросими дафни Владимир Ильич Ленин. 1935 — Дар бораи нашри пурраи луғати форсӣ-тоҷикӣ қарор қабул шуд. Шӯрои […]

Asia-Plus

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6928 сомонӣ;

1 евро – 10.6950 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1560 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1924 — Маросими дафни Владимир Ильич Ленин.

1935 — Дар бораи нашри пурраи луғати форсӣ-тоҷикӣ қарор қабул шуд. Шӯрои илмии Алифбои нави тоҷикӣ таъсис дода шуд.

1944 — Артиши шӯравӣ муҳосираи 900-рӯзаи Ленинград (феълан Санкт-Петербург)-ро рахна намуд.

1948 — Дар ИҶШС нахустин магнитофонҳо ба фурӯш бароварда шуданд.

1977 — Ватикан манъ будани ишғоли мансабҳои диниро аз ҷониби занон тасдиқ кард.

2004 — Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Тоҷикистон табдили ном кард.

2016 — Духтари раисҷумҳури Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ таъин шуд.

1940 — Зодрӯзи адиби тоҷик Сорбон.

1964 — Мавлуди доктори илми химия, профессор Маҳмадқул Каримов.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

96 сол пеш дар Маскав мақбараи Ленин кушода шуд. Пас аз фавти Ленин ба Кумитаи марказии ҳизб ва ҳукумати шӯравӣ бо дархости дар замин нагӯронидани ҷасади ӯ зиёда аз 1000 барқияву мактубҳо расид.

Кайҳон сарвати тамоми инсоният эълон шуд. Дар ин рӯзи соли 1967 дар бораи фаъолияти давлатҳо оид ба истифода ва таҳқиқи кайҳон шартномаи байнулмилалӣ ба имзо расид, ки айни замон беш аз 100 кишвар иштирокчии ин шартнома мебошанд.

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водибуда боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо барфи суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 9-14° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар шарқи вилоят шабона 24-29 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 10-15 ° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои қисман абрнок, дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҳолатҳо борон борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 5+7° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳаргоҳон борони суст борида, рӯзона бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барфи суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 11-13° хунук, рӯзона 0-2° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.