Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон дар робита ба ҳалокати теъдоди зиёди мардум бар асари заминларзаи шадид дар ин кишвар барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия қайд шудааст, ки “хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари заминларзаи шадид […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон дар робита ба ҳалокати теъдоди зиёди мардум бар асари заминларзаи шадид дар ин кишвар барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия қайд шудааст, ки “хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Туркия боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.  

“Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии самимии хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайвандон ва наздикони қурбониён иброз дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, – омадааст дар барқия.

Тибқи маълумоти ахири Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиии Туркия, заминларзаи шадиди 6,6-балӣ шоми ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар вилояти Элязик, воқеъ дар шарқи Туркия рух дода, бар асари он 29 нафар ҳалок ва 1466 нафар осеб диданд. Дастикам 43 касро аз зери харобаҳо зинда берун оварданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.