Сайфиддин Давлатзода: Тарафдори хориҷ шудани донишҷӯ нестам

Ректори донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар мухолифаташро бо хориҷ кардани донишҷӯён изҳор дошт. Марбут ба ин масъала Сайфиддин Давлатзода имрӯз, 31-уми январ дар нишасти хабарӣ андешаи худро баён кард. Номбурда ба суоли он, ки “дар соли 2019 чанд нафар донишҷӯён барои насупоридани имтиҳоноти даврӣ ва маблағи шартнома хориҷ шудаанд?” чунин посух дод: “Ман […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ректори донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар мухолифаташро бо хориҷ кардани донишҷӯён изҳор дошт. Марбут ба ин масъала Сайфиддин Давлатзода имрӯз, 31-уми январ дар нишасти хабарӣ андешаи худро баён кард.

Номбурда ба суоли он, ки “дар соли 2019 чанд нафар донишҷӯён барои насупоридани имтиҳоноти даврӣ ва маблағи шартнома хориҷ шудаанд?” чунин посух дод:

“Ман ҳанӯз дар вазифаи муовини вазири маориф ва илм кор карданам, ки назорати донишгоҳҳо бар уҳдаи ман буд, зидди хориҷ кардани донишҷӯён бо сабаби саривақт насупурдани маблағи шартнома ё имтиҳонҳои даврӣ будам. Аризаҳое, ки ба унвонии вазорат вобаста ба ин масъала ворид мешуданд, ба донишгоҳҳо тавсия медодем, ки ба донишҷӯён имкон бидиҳанд, то давра ба давра маблағи шартнома ва имтиҳоноти худро такроран бисупоранд”.

Вай афзуд, вазъи иҷтимоии баъзе аз оилаҳоро бояд ба назар гирифт ва ба онҳо имкон дод, ки дар ду давра маблағи шартномаашонро супоранд.

“Вақте донишҷӯ хориҷ мешавад, ӯ ҷавон асту бекор мемонад. Вақте бекор монд, ба ҳар гуна ҷиноят даст заданаш имкон дорад. Аз ин хотир, бо он донишҷӯёне, ки имтиҳонҳои давриро саривақт супурда наметавонанд, бояд корбарӣ кард, то бо ҳамкурсони худ баробар шуда тавонанд. Хориҷ кардан роҳи ҳалли масъала нест”, – гуфт раиси донишгоҳ.

Дар идомаи суҳбаташ Сайфиддин Давлатзода изҳор дошт, ки ба ин масъала диққат хоҳад дод ва то ҳадди ақал кӯшиш мекунад, ки ягон донишҷӯ хориҷ нашавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.