“Иттилоот” – видеобарномаи хабарии нав дар Asia-Plus

Хабаргузории “Азия-Плюс” нахустин барномаи ҷамъбасти ҳафтаро дар шакли видеоӣ пешкаши бинандагон мекунад. Видеобарномаи инҳафтаинаи “Иттилоот” фарогири мавзӯъҳои зерин аст: – Вирус дар Чин водор кардааст, ки Тоҷикистони ҳаммарзи он назорати санитарию тиббиро дар гузаргоҳу фурудгоҳҳо пурзӯр кунад. – Прокурори генералии Тоҷикистон мехоҳад, ки ҳукми қатл аз нав татбиқ карда шавад. Мо аз шаҳрвандон пурсон шудем: […]

Хабаргузории “Азия-Плюс” нахустин барномаи ҷамъбасти ҳафтаро дар шакли видеоӣ пешкаши бинандагон мекунад.

Видеобарномаи инҳафтаинаи “Иттилоот” фарогири мавзӯъҳои зерин аст:

Вирус дар Чин водор кардааст, ки Тоҷикистони ҳаммарзи он назорати санитарию тиббиро дар гузаргоҳу фурудгоҳҳо пурзӯр кунад.

Прокурори генералии Тоҷикистон мехоҳад, ки ҳукми қатл аз нав татбиқ карда шавад. Мо аз шаҳрвандон пурсон шудем: “Оё касе ҳаққи гирифтани ҷони инсонро дорад?”

– 2 моҳ ҳабси пешакӣ – рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов ба “Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” гумонбар шудааст. Адвокатҳои ӯ рӯзи 31-уми январ ба суди шаҳри Душанбе нисбат ба қарори иҷозати ҳабси ӯ шикоят бурданд. Талаби ҳимоятгарон: ин рӯзноманигор ба ҷамъият хавф надорад ва бояд озод карда шавад.

Трактори худсохт дар деҳа – сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин як мошини нав барои ҷуфту шудгор тарроҳӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.