Дар ҷануби Тоҷикистон трактори нав ихтироъ карданд

Сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон Неъматхон Одинаев трактори нав сохт. Аз дигар тракторҳои маъмулӣ он бо андоза фарқ карда, инчунин хароҷоти сӯзишворияш камтар аст. Корҳои васлу насби тракторро муҳандиси худомӯз дар зарфи 2 моҳ ба анҷом расонид. “Ман инро барои он сохтам, ки кори худ ва деҳқононро осон кунам. Трактор барои шудгоркунии замини боғу […]

Сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон Неъматхон Одинаев трактори нав сохт. Аз дигар тракторҳои маъмулӣ он бо андоза фарқ карда, инчунин хароҷоти сӯзишворияш камтар аст. Корҳои васлу насби тракторро муҳандиси худомӯз дар зарфи 2 моҳ ба анҷом расонид.

“Ман инро барои он сохтам, ки кори худ ва деҳқононро осон кунам. Трактор барои шудгоркунии замини боғу полез истифода шуда метавонад, – мегӯяд ӯ. – Ҳеҷ камбудие надорад. Дар 3 соат 1 литр сӯзишвории дизелӣ (солярка) масраф мекунад. Аз техникаи воридотӣ бад нест”.

Трактори худро Неъматхон дар намоиши ихтироъкориҳои техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ муаррифӣ кард. Намоишгоҳ рӯзҳои истироҳат дар Кӯлоб баргузор шуд.

Садҳо ихтироъкорон аз гӯшаву канори минтақаи Кӯлоб ихтироъҳои худро барои эҳтиёҷоти бахши кишоварзӣ – сипор, комбайн,  дастгоҳи мевабурӣ, навъи нави осиё ва ғайра ба маърази тамошо гузоштанд. Чунин намоишгоҳ бори нахуст дар минтақа баргузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.